Дар пайи ташдиди рӯёрӯии низомӣ дар минтақаи Идлиб, Урдуғон, раисҷумҳури Туркия барои гуфтугӯ бо ҳамтои русии худ ба Маскав рафт. Русия худро дар ин давр аз музокирот дар мавқеияти бартарӣ медонад. Аммо коршиносон дар ин бора тардид доранд.
Баргузории дидор ва тамос байни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дар соли ҷорӣ падидае истисноӣ набудааст. Аз ибтидои соли мелодӣ то кунун, раҳбарони ду кишвар Туркия ва Русия ду бор бо ҳам дидор дошта ва борҳо бо якдигар телефонӣ гуфтугӯ ва музокира кардаанд. Аммо сафари Урдуғон ба Маскав, ин бор аз аҳамияти вежаоӣ бархурдор аст.
Урдуғон барои дидор ва гуфтугӯ бо Владимир Путин имрӯз панҷншбе панҷуми март роҳии Маскав шуд. Мавзӯъ бар сари минтақаи Идлиб, пешравии артиши давлати Сурия дар ин минтақа ва авзоъи амнияти ҳоким бар шимоли ин кишвар аст.
Авзоъи минтақаи Идлиб дар вопасин рӯзҳои моҳи феврал дар асари пешравии артиши Сурия буҳронитар шуд. Артиши Сурия бо ҳимоят ва пуштибонии ҳавоии Русия ба мавозеъи шуршиёни сурӣ ҳамла кард. Дар ҷараёни ин ҳамалот беш аз 30 сарбози Туркия низ ҷони худро аз даст доданд.
Коршиносони масоили сиёсӣ ҳамлаи маргбор ба мавозеъи Туркия дар Идлибро нуқтаи чархишӣ дар муносиботи байни Русия ва Туркия арзёбӣ кардаанд.
Туркия ва Русия дар Идлиб ба думболи чӣ ҳастанд?
Қарор буд дар моҳи март конфронс марбут ба вазъияти Идлиб дар Истамбул баргузор шавад. Конфронс бо ҳузури раҳбарони чаҳор кишвар Олмон, Фаронса, Русия ва Туркия. Русия аз баргузории чунин конфронс истиқбол накард ва ба назар намерасад, ки баргузории чунин конфронс дар шароити кунунӣ мумкин бошад.
Рӯзи чаҳоршанбе чаҳоруми март, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл зимни эъломи хабари дидори раҳбарони ду кишвар Русия ва Туркия бар сари буҳрони Идлиб аз додани тавзеҳи бештар перомуни иқдомоти эҳтимолӣ ва мумкина барои ҳали ин буҳрон худдорӣ варзид.
Тавофуқ мумкин аст!
Коршиносони масоили байналмилал ва аз ҷумла Темур Ахметов, коршиноси масоили сиёсӣ дар шӯрои андешкадаи Маскав барои муносиботи байналмилалӣ бар ин бовар аст, ки эҳтимоли касби тавофуқ байни раҳбарони ду кишвар вуҷуд дорад.
Яке аз меҳварҳои нахустини тавофуқ байни Путин ва Урдуғон метавонад бар сари истиқрори оташбас дар минтақа бошад. Мавзӯе, ки заминаҳои идомаи гуфтугӯҳои байни ду кишварро фароҳам хоҳад сохт.
Пас аз он, масоили нозир бар эҷоди минтақаи Ҳоил барои ускон додан ба оворагони сурӣ ва ҳамчунин маҳдудияти парвоз дар минтақаи Идлиб метавонад мавриди музокира ва гуфтугӯ қарор гирад.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ эҳтимоли буруз даргирии низомӣ байни Русия ва Туркияро баъид арзёбӣ мекунад. Ба бовари ӯ ҳеҷ як аз тарафайн хостори чунин чизе нест ва танҳо эҳтимоли буруз танишҳои кӯчак ва маҳдуд вуҷуд дорад.
Русия бо таваҷҷуҳ ба пешравии артиши Сурия дар минтақаи Идлиб худро дар музокирот бо Туркия дар мавқеияти бартар мебинад. Ин дар ҳоле аст, ки Мариано Бленкая, коршинос масоили сиёсӣ, буҳрони Идилбро “бузургтарин чолиш барои сиёсати хориҷии Русия” медонад.
Бленкая бар ин бовар аст, ки таниши ахир бори дигар собит мекунад, ки “Русия ва Туркия забони якдигарро хуб намефаҳманд.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

