Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоруно санъати гардишгарӣ дар ҷаҳонро аз нафас андохтааст

Коруно санъати гардишгарӣ дар ҷаҳонро аз нафас андохтааст

Вируси коруно гулӯи санаъти гардишгарии ҷаҳонро мефишорад. Вазъият дар Осиё асафбор аст ва дар Аврупо ҳам таърифе надорад. Дастондаркорони ин ҳавза нигарони идомаи ин вазъанд ва давлатҳо ба думболи роҳе барои ҳимоят аз фаъолони санъати гардишгарии кишварашон. 

Ҳотелҳои холӣ, парвозҳои лағв шуда, музейҳои баста. Вируси коруно туризмро дар бисёре кишварҳо, аз ҷумла дар Аврупо аз нафас андохтааст. Коршиносони ин ҳавза хисорати миллиардиро тахмин мезананд. Ин тоза дар шароите аст, ки Аврупо ҳанӯз бо авҷи буҳрони коруно рӯ ба рӯ нашудааст. 

Бо густариши вируси коруно дар Италия, дарҳои бисёре аз марокизи диданӣ дар ин кишвар ба рӯйи гардишгарон баста шуд. Дар Венетсия ва Милан музейҳо ва театрҳо ва дигар ҷозибаҳои гардишгарӣ таътил шуданд. Гирдиҳамоиҳо ва маросими бузург лағв шуданд. 

Дар Фаронса музей Лавр ду рӯз баста шуд. Коркунони ин музей аз тарси ибтило ба коруно даст аз кор кашиданд. Намоишгоҳи гардишгарӣ дар шаҳри Берлин, пойтахт Олмон, лағв шуд. Баргузоркунандагони намоишгоҳ нигарони паёмадҳои лағви ин намоишгоҳ ва аз даст додани гардишгарони кишварҳои осиёиянд. Маркази гардишгарии Олмон тахмин задааст, ки ҳудуди 17 то 25 дарсад муштариёни ҳотелҳо чиниҳо будаанд. Солона ҳудуди ҳашт миллиард евро аз гардишгарони чинӣ насиби Олмон мешавад. Лағви мусофирати чиниҳо зарари бузурге барои санъати гардишгарии Олмон аст. 

Вазъ дар кишварҳои осиёии аз ин ҳам асафбортар аст. Зеро 90 дарсад аз 150 миллион гардишгари чинӣ, ба кишварҳои осиёии сафар мекунанд ва барои ин кишварҳо як омили муҳимми иқтисодӣ ба шумор мераванд. Бо лағви парвозҳо аз Чин, ҳотелҳо ва рестуронҳо ва марокизи дидании ин кишварҳо низ аз бахши бузурге аз гардишгароне, ки дасташон ба ҷайбашон меравад, маҳрум шудаанд. 

40 ҳазор ҳотели холӣ дар Боли 

Ҷазираи Боли дар Индонезия аз лағви 40 ҳазор резерв дар ҳотелҳои худ хабар додааст. Ҷопон аз ин ҳам зарари бештаре кардааст. Соли 2018 наздик ба 32 миллион гардишгари чинӣ манбаъи як чаҳорум аз даромади санъати туристии ин кишварро ташкил дода буданд. Ҳоло бештар туристҳои аврупоӣ ва амрикои шимолӣ ҳастанд, ки аз ҷозибаҳои туристии ин кишвар дидан мекунанд ва иддаи онҳо ҳам ба хотири тарс аз коруно рӯз ба рӯз камтар мешавад. 

Вазъе мушобеҳ дар Тайланд, Кореяи ҷанубӣ, Сингапур, Малайзия, Камбоҷа ва Ветнам ҳоким аст. Велфгонг Орлт, мудири “институти гардишгарии хориҷии Чин” мегӯяд: “Ин авзоъ як фоҷиаи воқеӣ барои ин кишварҳост.” Бисёре аз фаъолони иқтисодӣ соҳибони мағозаҳои кӯчаки саноеъи дастӣ ва зинатӣ ҳастанд. Ин кишварҳо ҳастанд, ки рӯзиашон ба хариди “ёдгорӣ” тавассути гардишгарон бастааст. Ба гуфтаи Велфгонг Орлт ин мағозаҳо, ҳотелҳо, ожонсҳои мусофиратӣ баста шудаанд. Тахмин зада мешавад, ки Тайланд имсол ҳудуди шаш миллион мусофир яъне 16 дарсад гардишгар камтар аз соли қабли мелодӣ дошта бошад. 

Вазъият дар Чин, маркази аслии коруно 

Дар бахшҳои васеъ аз Чин санъати гардишгарӣ хобидааст. Дар ҷозибаҳои гардишгарии маъруфи ин кишвар монанди девори Чин ё кохи Қайсар дар Пекин ба куллӣ ё дар бахшҳое ба рӯйи гардишгарон баста шудааст. Парвозҳои дохили тақрибан хобидаанд. Он ҳам дар авҷи фасли мусофират дар ин кишвар яъне ҷашни соли нав дар Чин, ки аз 24 январ шурӯъ шуд. Вазъияти дар Гонконг низ бисёр бад аст. Зеро бештари туристҳое, ки аз ин кишвар дидан мекарданд, аз Чин буданд. 

Давлати Гонконг рӯзи чаҳоршанбе чаҳорум март эълом кард мехоҳад ба ҳама шаҳрвандон 10 ҳазор доллари Гонконги (муодили 1200 евро) бидиҳад. Соири кишварҳо низ дар сададанд бо иқдомоте зери болу пари шикастаи санъати гардишгариро бигиранд. 

Чин, Сингапур ва Таиланд ваъдаи кам кардани молиётро додаанд. Ветнам ва Австралия мехоҳанд муқаррароти визоро осонтар кунанд ва кампанияи ҷазби турист роҳ биандозанд. Давлатҳои Малайзия ва Филиппин аз мардум хостаанд то ҷое, ки мумкин аст дар кишвари худ ба мусофират бираванд. 

Вируси коруно нишон дод Чин то чӣ андоза барои санъати туристии ҷаҳон муҳимм аст. 150 миллион гардишгари чинӣ дар мусофиратҳои худ ба хориҷ аз ин кишвар ҳудуди 227 миллиард доллар дар соли 2018 харҷ карданд. Гардишгарони чинӣ бо ин ҳаҷм аз пуле, ки сарфи гардишгарӣ мекунанд дар мақоми аввал дар дунё қарор доранд. 

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки санъати гардишгарӣ ва иштиёқи мусофирати чиниҳо ба сафарро вируси коруно ҳам наметавонд аз байн бибарад. Пешбинӣ мешавад то соли 2030 иддаи гардишгарони чинӣ, ки ба хориҷ аз ин кишвар сафар мекунанд ба 400 миллион нафар бирасад, ба иборате, аз ҳар панҷ гардишгар дар санъати байналмилали туристӣ як нафар аз Чин хоҳад буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular