Як фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз вакилони навтаиншудаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостааст, ки барои коҳиши нархи шиносномаи хориҷӣ иқдом кунанд.
Муроҷиати ин шаҳрванд ба парлумон дар ҳолест. ки гуфта мешавад фурӯши шиносномаҳо бизнеси Озода Раҳмон. духтари раисҷумҳури Тоҷикистон аст ва парлумон то ҳол ҳеҷ гоҳ ба тиҷорати хонаводаи раисҷумҳур дахолат накардааст.
Бахтиёр Аслонов, корбари шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, нархи кунунии шиносномаи хориҷӣ ва ташхиси нақлиёт “бераҳмона ва беинсофона” гарон аст, ки намояндагони Маҷлиси нави қонунгузории кишвар бояд ин қонунро ислоҳ кунанд.
Бахтиёр таъкид кардааст, ки аз ин шиноснома “на танҳо соҳибкорон, балки бемороне, ки ба хориҷи кишвар барои табобат мераванд ва муҳоҷирони меҳнатие, ки барои дарёфти як бурида нон ба муҳоҷират мераванд, истифода менамоянд.
Нархи як шиносномаи хориҷӣ ҳудуди 1000 сомонӣ муодили 100 доллари амрикоӣ аст, ки дар ду ҳафта содир мешавад, аммо агар шахси шиносномагир бо пардохти маблағи изофагӣ талаб кунад, як ҳафта зудтар ин ҳуҷҷатро бо пардохти ҳазору 500 сомонӣ баробар бо 150 доллар мегирад. Ҳатто гирифтани шиносномаи хориҷӣ дар муддати се рӯз ҳам имкон дорад. Аммо, бояд 2 ҳазору 250 сомонӣ, баробар бо 225 доллар пардохт кард.
Бахтиёр Аслонов пешниҳод кардааст, ки намояндагони Маҷлиси нави қонунгузории Тоҷикистон нархи шиносномаи хориҷиро на ҳазор сомонӣ, балки 100 сомонӣ, баробар бо 10 доллар таъин кунанд, зеро дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ нархи шиносномаи хориҷӣ бисёр арзонтар аз Тоҷикистон аст.
Гуфтанист, шиносномааи хориҷии Тоҷикистон баробари аз беқадртарин дар ҷаҳон буданаш аз қимматтарин шиноснома дар ҷаҳон аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

