Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷикистон аз нигоҳи шукуфоӣ нӯҳ зинаро аз даст дод

Тоҷикистон аз нигоҳи шукуфоӣ нӯҳ зинаро аз даст дод

Пажуҳишгоҳи Легатум, маркази таҳлилии Бритониё пас аз омӯзиши 149 кишвари ҷаҳон ба хулосае омадааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи шукуфоӣ назар ба соли гузашта ақиб рафтааст.

Ин маркази таҳлилӣ гузорише дар ин робита ба нашр расонидааст ва “Шохиси шукуфоӣ 2016” ном дорад. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон мақоми 100 -ро соҳиб гаштааст. Таъкид мегардад, ки Тоҷикистон дар як соли пеш аз ин зинаи 91- уми ин раддабандиро соҳиб буд ва соли 2016 шукуфоӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ бадтар гашта, ҷойгоҳи худро нӯҳ зина аз даст додааст.

Гуфта мешавад, Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Қирғизистон чашмгир аст ва дар ҷои 77 омадааст. Қазоқистон бо ҳама пешрафтҳояш аз Қирғизистон дар қафо мондааст ва дар мақоми 82 омадааст. Аммо аз ду кишвари Осиёи Марказӣ Туркманистон ва Ӯзбакистон ёд оварда намешавад ва дар бораи ин мамлакатҳо маълумоте оварда нашудааст.

Таҳлилгарони маркази Легатум мегӯянд, омори иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, озодии шахс, амният, имкониятҳои соҳибкорӣ, мудирият ва сармояҳои иҷтиморо дар байни 149 кишвар ба пажӯҳиш гирифтаанд ва хулосаҳои худро пас аз муқоисаҳои ин далоил нашр кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон тибқи натиҷагириҳои Легатум аз нигоҳи иқтисодӣ ҷойи 103, фазои тиҷорӣ-83, таҳсилот — 56, тандурустӣ – 67, озодии шахс -130, амният – 47, муҳити табиӣ – 127, мудирият – 126 ва сармояи шахсӣ мақоми 81-ро соҳиб шудааст. Зеландияи Нав, Норвегия ва Финландия кишварҳое ҳастанд, ки дар пеши раддабандӣ омадаанд ва Шветсария, Канада, Австралия, Нидерландия, Швется, Дания ва Бритониёи Кабир дар рӯйхати мамлакатҳои даҳгона шомил буда, шукуфоӣ дар онҳо қобили таҳсин аст.

Легатум, маркази таҳлилии Бритониё аз соли 2009 ба ин сӯ маълумотро дар ин робита нашр месозад ва мавқеи кишварҳои мавриди омӯзишро аз нигоҳи шукуфоӣ муайян мекунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика