Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфғонистон ба озодсозии зиндониёни Толибон шурӯъ кард

Афғонистон ба озодсозии зиндониёни Толибон шурӯъ кард

Раёсатҷумҳурии Афғонистон (ҷониби Ашраф Ғанӣ) мегӯяд, фармони раҳоӣ ва афви зиндониёни Толибон ба хотири музокирот байни афғонҳо, аз сӯи Ашраф Ғанӣ шаби гузашта имзо шуд. Ашраф Ғанӣ рӯзи душанбеи 9-уми март ҳангоми адои савганди президентӣ гуфта буд, дар бораи озодии Толибон фармон содир мекунад. Оқои Ғанӣ қаблан гуфта буд, ки озод кардани Толибон пеш аз шурӯи музокираҳо имкон надорад.​

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсатҷумҳури Афғонистон (ҷониби Ашраф Ғанӣ) шаби гузашта дар Твиттер навишт, ки ҷузъиёти фармон имрӯз (чаҳоршанбеи 11-уми март) дар ихтиёри расонаҳо қарор дода мешавад.

Сиддиқ Сиддиқӣ дар идомаи паёми твиттерии худ навиштааст, ки раванди раҳоии 1500 зиндонии Толибон аз маҳбаси Парвон воқеъ дар шимоли Кобул, аз рӯзи шанбеи 14-уми март оғоз мешавад.

Ба гуфтаи сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон (ҷониби Ашраф Ғанӣ), аз ин сана ба баъд ҳар рӯз 100 зиндонӣ бо дарназардошти умр, вазъи саломатӣ ва мӯҳлати боқимондаи адои ҷазо, раҳо мешаванд.

Толибон тибқи созишномаи сулҳ барои оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, хостори раҳоии 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ шудааст. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки ҳазор зиндонии шомили нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғонро низ раҳо мекунад.

Дар зиндонҳои Афғонистон шумори Толибони зиндонӣ 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вале ҷангҷӯён гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо дар асл ҷангҷӯи воқеии Толибон набуда, афроди ҳавохоҳ ҳастанд ваё онҳое мебошанд, ки барои гуноҳҳои дигарашон ҷазо гирифтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular