Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶангалҳои Тоҷикистон рӯ ба нобудӣ овардаанд

Ҷангалҳои Тоҷикистон рӯ ба нобудӣ овардаанд

Ҳамагӣ 50 сол қабл 20 дарсади ҳудуди Тоҷикистонро ҷангалҳо ташкил медоданд, ки имрӯз аз он ҷангалзорҳо танҳо 3 дарсадаш боқӣ мондааст. Қисми асосии ин ҷангалҳо дар 25 соли охир нобуд карда шудаанд.

Сабаби аслии нобудшавии ҷангалҳо бебарқиву бегазӣ  дар зимистон будааст, ки мардум барои гарм кардани хонаҳояшон дарахтонро буридаанд. Сиёсати номуваффақи ҳукумат боис шуд, ки мардум аз гази Ӯзбакистон ва барқи худӣ маҳрум шаваду даст ба буридани ҷангалзорҳо занад. Сабаби дигари он истифодаи нодурусти чарогоҳҳо гуфта шудааст.

Бо иттилои як манба, Муроадалӣ Алимардонов, ки бештари чарогоҳҳои ҷануби кишварро азхуд кардаасту наздик ба як миллион сар чорво дорад, бо истифода аз мансабаш дар нобудшавии ҷангалҳо саҳми бузурге гузоштааст. Аксари онҳое, ки дар нобудшавии ҷангал даст доранд, мансабдорони сатҳи баланди давлатӣ будаанд, ки бо сӯистифода аз курсиҳояшон ҷангалзорҳоро ба чарогоҳҳо табдил додаанд.

Нобудшавии ҷангалҳо ба нобудшавии ҳайвоноти нодир ва тағйир ёфтани вазъи экологии Тоҷикистон расонидаанд.

Мутахассисон мегӯянд, барои барқарорсозии ҷангалҳое, ки дар 25 соли охир нобуд шудаанд, садсолаҳо лозим аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular