Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДарҳои Қирғизистон аз имрӯз барои хориҷиён бастаанд

Дарҳои Қирғизистон аз имрӯз барои хориҷиён бастаанд

Қирғизистон аз имрӯз, 19-уми март даромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандиро ба қаламраваш манъ мекунад. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон Нурлан Абдураҳмонов дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек хабар дод.

Ӯ гуфт, ин тасмимро ба ҳадафи ҳифзи саломати шаҳрвандони Қирғизистон ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифтанд. Аммо, ба қавли ӯ, маҳдудият ба ронандагони мошинҳои борбари байналмилалӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳову қаторҳо дахл надорад.

Нурлан Абдураҳмонов гуфт, манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Қирғизистон муваққатӣ аст.

Рӯзи 18-уми март дар Қирғизистон се ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин се нафар аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд. Бахше аз ҳамроҳони онҳо зери назорати пизишкон қарор гирифтаанд.

Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун дар беш аз 160 кишвари ҷаҳон паҳн шуда, боис ба марги тақрибан ҳашт ҳазор нафар шудааст. Қирғизистон кишвари севуми Осиёи Марказӣ аст, ки бо коронавирус даст ба гиребон аст. Аз он пеш дар Қазоқистону Узбекистон мавридҳои гирифтории сокинон ба ин вирусро тасдиқ карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular