Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДари масоҷид боз шуданд. То кай?

Дари масоҷид боз шуданд. То кай?

Радиои Озодӣ менависад, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон иҷоза дод, ки аз 20-уми март дар масҷидҳои кишвар дубора намозҳои дастаҷамъӣ хонда шаванд.

Дар хабар омадааст, ки  дар иттилоияи расмии Кумитаи дин гуфта шудааст, ки «Аз ҳамаи сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан “Covid-19” дар рафти баргузории намозгузориҳои дастаҷамъона ба қоидаҳои умумии беҳдоштӣ қатъан аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд»

Ин дар ҳолест, ки мақомот санаи 5-уми март дари масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъро бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус баста буданд.

Маркази исломии ҷумҳури Тоҷикистон низ аз ҳама пеш санаи 4 март зимни як муроҷиатнома дар саҳифаи расмияш навишта буд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда шавад.

Қарори бастани фаолияти масоҷиди ҷумҳурӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ҳоле буд, ки мақомот ба ҷуз масоҷид фармони манъи таҷаммуи мардумро дар ҳеҷ як муассиса ва ё мавзеи дигаре манъ накарданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular