Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарвозҳо ба Тоҷикистон пурра қатъ шуданд

Парвозҳо ба Тоҷикистон пурра қатъ шуданд

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии дохил ва хориҷи кишвар дастур додааст, ки аз 20-уми март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳоро ба самти Тоҷикистон қатъ кунанд. Аз ин пеш парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия маҳдуд шуда, ба Узбекистону Эрон ва Чину Афғонистон пурра қатъ шуда буд.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи гражданӣ, дар номае ба ширкатҳо гуфтааст, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус сурат мегирад, вале санаи анҷоми дастурро нагуфтааст.

дар нома осадааст, «Оҷонси авиатсияи гражданӣ маълум менамояд, ки гирифторӣ ба коронавирус дар кишварҳои хориҷи дуру наздик рӯ ба афзоиш намуда истодааст. Вобаста ба ин, бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур дода мешавад, иҷрои парвозҳое, ки ба Тоҷикистон амалӣ карда мешуд, аз 20-уми март муваққатан манъ карда шавад»

Дастикам дар намояндагии ду ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки аз рӯзи ҷумъа парвози ҳавопаймоҳо пурра қатъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чанде аз ширкатҳо аз ҳоло бахше аз кормандони худро ба рухсатӣ ё таътил фиристодаанд, аммо ширкатҳо ҳанӯз ин хабарро расман таъйид накардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular