Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНақзи карантин дар Ӯзбекистон $2300 ҷарима дорад

Нақзи карантин дар Ӯзбекистон $2300 ҷарима дорад

Вазорати додгустарии Узбекистон эълом кард, касоне ки карантинро нақз мекунанд, 2310 доллар ҷарима ё 8 сол зиндонӣ мешаванд.

Дар иттилоияи дафтари матбуотии Вазорати додгустарии Узбакистон омадааст, 

Бар асоси манбаҳои иттилорасон, дар Узбекистон мавридҳое иттифоқ афтода, ки иддае аз шаҳрвандон талаботи карантинро нақз карда,  вориди маконҳои умумӣ шудаанд, иддае маросими хонаводагӣ барпо намудаанд ва ё аз воситаҳои ҳамлу нақли умумӣ истифода кардаанд.

Аз ин рӯ таъкид шудааст,  шаҳрвандоне, ки минбаъд талаботи карантинро нодида мегиранд, бо таҷамммуи мардум маросими идона ва ё хонаводагӣ  баргузор мекунанд, то ба 8 сол зиндон мешаванд. 

Гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Узбекистон дар нишасти ахири худ, Ҳукумат ва Гвардияи миллиии ин кишварро маъмури назорат бар иҷрои карантин тавассути шаҳрвандон кардааст.

Дар ҳамин ҳол то ба имрӯз дар Тоҷикистон ягон корхона, коргоҳ, муассисаи таълимӣ ва макотиби олӣ карантин нашудааст. Дар ҳама вилояту навоҳӣ иди Наврӯз бо шукуҳ ва таҷаммуи бузурги мардум таҷлил мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular