Monday, June 16, 2025
ads
HomeИлму фанноварӣКитоби нави шоир ва рӯзноманигор Иззатбек Идизод чоп шуд

Китоби нави шоир ва рӯзноманигор Иззатбек Идизод чоп шуд

Дар поёни соли 2024 китоби нави шоири шинохта Иззатбек Идизод таҳти унвони “Кишмиши сухан” ба нашр расид.

Дар маҷмӯаи мазкур шеърҳои тозаи шоир ва ҳамчунин як шингил ашъори ба забони русӣ аз ҷониби М. Фофонова, С. Сангин ва Н. Рабимдухт тарҷумашудаи ӯ пешкаши алоқамандони каломи бадеъ гардидааст.

Шаҳри сабз

Боғ сабзу беша сабзу оби дарё мешавад сабз,

Тарҳи нав дар дидаҳои нурполо мешавад сабз.

Осмон ранги заминро ҳамчунон зебо гирифта,

Дар баҳорон ахтарону каҳкашонҳо мешавад сабз.

Бингарам чун хӯшаҳои кокулони духтаронро,

Дар дили ман майсаи ишқу ҳавасҳо мешавад сабз.

Гар ба чашми дил намебинӣ, ба чашми сар бубинӣ,

Боғшаҳри Рӯдакию Ибни Сино мешавад сабз.

Авҷи гулҳо, мавҷи гулҳо, фавҷи гулҳо ҳар тараф,

Шаҳри ман бо домани лабрези гулҳо мешавад сабз.

Меҳр дар дил, нур дар чашми азизонаш ҳамеша,

Шаҳри ман бо нури чашмон, меҳри дилҳо мешавад сабз.

Парчамаш болои сар мисли кабӯтар мезанад пар,

Шӯҳрату овозааш дар рӯи дунё мешавад сабз.

Ин Душанбе решапайванди куҳан дорад ба Дарбанд,

Ҳамчу пайванди Самарқанду Бухоро мешавад сабз.

ҲАМСАБАҚҲО

(Ба ёди ҳамсабақҳоям Зулайхо, Анора, Хатича, Шодӣ Карим, Тоҳири Асомуддин, Саидаҳмад Ҳасан, Аҳмадшо, Бобоҷон, Мақсуд Ҳусейн)

Аз миёни растаҳои шаҳри сабз,

Шаҳри сабзе мезанад бо набзи ман набз.

Чун ҳавояш бӯи дунёи ҷавонӣ мекунад,

Ёд аз ёрони ҷонӣ мекунад.

Давраи тиллои умри азиз,

Пораи зебоии умри азиз.

Дар раҳи хушдори армонии худ,

Мавсими раҳпоии умри азиз.

Устоде гар маҳалбозӣ намуд,

Бо хати тақдири мо бозӣ намуд.

Мо ба мисли меваҳои як дарахт,

Мо ҳама фарзандҳои як падар

Аз Ҳисору Вахшу Хатлон

Тоҷикистон буд моро бар забон

Рӯи мо рӯи китоб,

Рӯй тобидем аз рӯи дигар

Ҳамсабақҳо, ҳамтабақҳо.

Рафтаед аз чашмҳои мо дур.

Ҳамчунон як дастаи нур

Як нишон дар кӯчабоғи ошиқон

Як нишон дар атри борон

Аз шумо боқист гӯӣ ин замон

Ман шуморо ҷӯям аз ҳар кӯю дар,

Дар фазои орзуҳо.

Бе шумоям мурғаки бе болу пар,

Кош мебудам масеҳо

То шуморо зинда созам аз дигар.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?