Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳоТасмими таъсиси базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон

Тасмими таъсиси базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ низоми давлатии бақайдгирии телефонҳои мобилиро ҷорӣ намуда, базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилиро таъсис диҳад.

Дар робита ба ин 2 ноябр Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» тағйиру иловаҳо ворид намудааст.

Адолат Абдураҳмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкурро дар самти ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон, аз байн бурдани дуздии телефонҳои мобилӣ, ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши телефонҳои пастсифати мобилӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда  гуфтааст:

«Ба кишварамон телефонҳои мобилии пастсифати ба саломатии шаҳрвандон зараровар ворид карда шуда, мавриди хариду фурӯш ва истифода қарор мегиранд, ки маълумоти идентификатории онҳо якхела ва ё такроршавандаанд. Якхела ва такроршаванда будани маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ барои идентификатсияи гумонбар ҳангоми содир шудани ҷиоят мушкилӣ пеш оварда, мақомоти тафтишотро ба дигар тараф бурда, ба поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандоне, ки тамоман ба содиршавии ҷиноят рабт надоранд, оварда мерасонад.»

Адолат Абдураҳмонзода афзудааст, ки ҳангоми ҷорӣ намудани низоми давлатии бақайдгирии телефонҳои мобилӣ ва таъсиси базаи ягонаи маълумоти идентификатории телефонҳои мобилӣ, хариду фурӯш ва истифодаи телефонҳои пастсифат дар кишвар пешгирӣ шуда, маълумоти низоми давлатӣ барои ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ҷинояткорон мусоидат менамояд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?