Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоНигаронии Бонки ҷаҳонӣ аз кам шудани маблағи ирсолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия

Нигаронии Бонки ҷаҳонӣ аз кам шудани маблағи ирсолии муҳоҷирони тоҷик аз Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2016 дар муқоиса бо шаш моҳи аввали соли гузашта  даромади ирсолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Сайти Бонки ҷаҳонӣ дар ин бора гузорише нашр намуда изҳори нигаронӣ кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ, ки бо унвони “Тоҷикистон ва сатҳи зиндагии мардум” мунташир шуда, таъкид кардааст, ки манбаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Тоҷикистон даромади ирсолии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия аст ва коҳиши ин даромад бар сатҳи зиндагии хонаводаҳои ин кишвар таъсири бад мерасонад.

Ин дар ҳолест, ки Бонки марказии Русия мизони коҳиши даромади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русияро дар шаш моҳи нахусти имсоли 14 дарсад унвон ва эълом кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин муддат ба Тоҷикистон 598 миллион доллар ирсол кардаанд.

Бо ин ҳол мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон бо радди омори Бонки марказии Русия, ҳамон коҳиши 22 дарсадиро, ки дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ба он ишора шудааст, тасдиқ кардааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика