Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeХабарҳоДар муфлисшавии бонкҳо кӣ муқассир аст —худи бонкҳо, Бонки миллӣ ё бӯҳрон?

Дар муфлисшавии бонкҳо кӣ муқассир аст —худи бонкҳо, Бонки миллӣ ё бӯҳрон?

Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бӯҳронии бонкҳо, бахусус ду бонки бузург — Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонкро айби худи ин бонкҳо хондааст.

Бонки миллӣ иддао кардааст “маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати қарордошта арзёбӣ мегардад.” Аммо коршиносон назари дигар доранд ва мегӯянд, ки бештар худи Бонки миллӣ муқассир аст.

Таҳлилгар Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд “гунаҳкор кардани бонкҳо дар вазъи бавуҷудомада бор кардани айби худ ба дигарон ва пӯшидани айби худ аз тарафи Бонки миллӣ аст. Инҷо айби танзимкунанда аст, ки аз ӯҳдаи кораш набаромадааст. Агар, чуноне ки Бонки миллӣ иддао мекунад, айби бонкҳо бошад, пас чаро Бонки миллӣ, ки танзимгар аст пешакӣ бонкҳоро огоҳ накард?”

Абдуманнон Шеалиев, таҳлилгари дигар мегӯяд “дар ин вазъ намешавад танҳо як тараф ё омилро гунаҳкор кард. Таъсири бӯҳрон бештар аз ҳама бонкҳоро фалаҷ кард, аммо аз тарафи дигар, аз бонкҳо дида худи Бонки миллӣ гунаҳкортар аст. Чун замоне, ки бояд ба бонкҳо имконияти бештар дода мешуд, ин ниҳод фаъолияти онҳоро маҳдудтар кард.”

Айби Бонки миллиро Зулфиқори Исмоилиён дар он медонад, ки ин ниҳод бозори арзи хориҷиро аз бонкҳову мардум гирифт ва инҳисорӣ кард. “Дар натиҷа мардум ба таҳлука афтод ва пулҳояшро дар хонааш нигоҳ дошт. Фаъолияти бонкҳо қабл аз ҳама ба маблағҳои муҳоҷирин вобаста аст ва вақте боварии онҳо ба бонкҳо коста гашту пулҳояшонро ба бонкҳо бовар накарданд, ин вазъ ба вуҷуд омад” — мегӯяд ӯ.

“Ҳанӯз дар авоили соли 2014 маълум гашта буд, ки бӯҳрон дар Русия оғоз гаштааст ва Бонки миллии Тоҷикистон бояд пешбинӣ мекард, ки бӯҳрони Русия ба Тоҷикистон, бахусус бонкҳои он таъсир хоҳад кард ва чора меандешид. Чун пешбинӣ кардану чора андешидан аз вазифаҳои асосии ин ниҳод аст — мегӯяд Абдуманнон Шералиев. — Хуб пешбинӣ карда натавонистанд, аммо замоне, ки бӯҳрон дар Тоҷикистон ҳам оғоз шуд, яъне охири 2014 ва аввали 2015, Бонки миллӣ ҳанӯз имкони андешидани чора барои то ин вазъ хароб нашудани вазъи бонкҳоро дошт. Аммо ба ҷои он, ки ба бонкҳо кӯмак кунанду имконияташонро бештар кунанд, доираи фаъолияти онҳоро тангтар карданд.”

Бонки миллӣ иддао кардааст,  “дар доираи салоҳияти худ барои бартараф кардани камбудиҳои низоми бонкӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки низоми бонкӣ, таъмини шафофияти фаъолияти бонкӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва сохторҳои дахлдори ҳукуматӣ чораҳои дахлдор андешида истодааст”.

Шералиев мегӯяд “ин чораандешии онҳо дуруст мисли ин аст, ки бо вуҷуди тамоми нишонаҳо аз беморӣ пешгирӣ карда нашавад, баъди оғози беморӣ дафъатан табобат оғоз карда нашаваду замоне, ки беморӣ ба авҷи худ расид ва марг таҳдид кард, “чораандешӣ” оғоз шавад. Инҷо ду вариант аст: ё бемор мемирад, ё қисман сиҳат мешавад”.

Исмоилиён ба ин назар аст, ки дар Бонки миллӣ нафарони ғайриҳирфаӣ ҷамъ карда шудаанд ва онҳо қобилияти баровардани бонкҳо аз бӯҳронро надоранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?