Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоСомонаи «Тоҷнюз»ҳам аз фаъолият монд

Сомонаи «Тоҷнюз»ҳам аз фаъолият монд

Сомонаи Тоҷнюз зимни пахши изҳорот таҳти сарлавҳаи “Худо нигаҳбони Шумо! Изҳороти хайрбодии Тоҷнюз ба хонандагон” аз қатъи фаъолияташ сар аз соати 13.00-и имрӯз, 14 ноябр хабар додааст.

Сабабашро масъалини сомона “набудани шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод” қаламдод кардаанд. Матни пурраи изҳороти Тоҷнюз ба шакли зер аст:

“Хонандагони гиромӣ!

Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс — Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 — юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем.

Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид. Сабабаш ҳам маълум: дигар дар Тоҷикистон шароити лозим барои фаъолияти расонаи мустақил ва журнализми озод мавҷуд  намебошад. Умедворем ин вазъ абадӣ нахоҳад монд.

Ҳамчунин эълон медорем, ки тибқи қарори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз ин ба баъд бойгонии Ожонси иттилоотии TojNews моли миллат маҳсуб шуда, истифодаи маводи ҳамаи бахшҳои он, минҷумла тарҳҳои хоса бидуни риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ муҷоз аст.

Худо нигаҳбони шумо!”

Ба зуди изҳороти Паём.нет дар ин мавзӯъ нашр хоҳад шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика