Saturday, January 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОятулло Аҳмад Ҳотамӣ: «Трапм бояд аз Эрон узрхоҳӣ кунад»

Оятулло Аҳмад Ҳотамӣ: «Трапм бояд аз Эрон узрхоҳӣ кунад»

Яке аз охундҳои Эронӣ Оятулло Аҳмад Ҳотамӣ аз  Доналд Трамп президенти тозаинтихоби ИМА хост, ки барои «террорист» номидани эрониҳо узрхоҳӣ кунад.

Бино ба маълумотҳо, баъди савгандёдкунии Трамп созишномаи ядроӣ бо Теҳрон бозбинӣ хоҳад шуд. Рӯзи ҷумъа намояндаи Департаменти давлатии ИМА Марк Тонер гуфт, Вашингтон дар баробари ин созиш ҳеч уҳдадории ҳуқуқие надорад.

Ба гуфтаи Тонер, Трамп метавонад на танҳо аз иҷрои созишнома даст кашад, балки фармони Барак Обамаро дар бораи сабуксозии таҳримҳои иқтисодии Эрон бекор кунад.

Моҳи марти соли ҷорӣ Трамп дар маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиаш Эронро дар пуштибонӣ аз терроризм ва таҳдид ба Исроил айбдор карда буд. Трамп гуфта буд, ки дар сурати пирӯзиаш зидди Теҳрон иқдом мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular