Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон таъин ва аломатгузорӣ мешавад?

Сарҳади Тоҷикистон бо Узбекистон таъин ва аломатгузорӣ мешавад?

Cодиқ Имомӣ Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар  бораи фаъолсозии музокирот дар бораи таъин ва аломатгузории марз гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, ин мулоқот санаи 14.11.2016  сурат гирифта, «тарафҳо масъалаи фаъолсозии музокирот дар бораи таъин ва аломатгузории марзи давлатиро баррасӣ намудаанд».

Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Узбекистон маълум нест. Ба назар мерасад, баъди марги президенти  собиқи Узбекистон,  муносибати ин ду кишвари ҳамсоя ру ба беҳбудӣ овардааст. То кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбекистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот кард.

Ахиран сафири Узбекистон дар Тоҷикистон гуфт, масъалаи содда кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли баррасист ва интизор меравад дар моҳи ноябр як ҳайат аз Душанбе ба Тошканд равад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular