Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоПарлумон тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2017-ро пазируфт

Парлумон тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2017-ро пазируфт

Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни пешниҳоднамудаи ҳукумат “Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017”-ро пазируфт.

Вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён зимни муаррифии ин тарҳ дар ҷаласаи парлумон, ки имрӯз 16 ноябр баргузор гашт гуфт, ҳаҷми буҷа барои соли 2017 беш аз 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ муайян шудааст, ки назар ба соли гузашта 1,8 миллиард бештар аст.

Вале дар ҳоле, ки буҷа гӯё афзоиш ёфтааст, дар асл он нисбат ба соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Соли гузашта, замоне, ки ҳукумати кишвар тарҳи буҷаро баррасӣ мекард баробар 2 миллиарду 770 миллион доллари ИМА буд. Имрӯз бошад 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба 2 миллиарду 484 миллион доллар баробар аст. Яъне бо ҳисоби доллар буҷаи кишвар 286 миллион доллар камтар шудааст.

Қисми даромади буҷаи давлатӣ аз ҳисоби андозҳо, даромадҳои ғайриандозӣ ва грантҳо 14,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки 13,2 милларди онро даромад аз ҳисоби андозҳо ташкил медиҳанд. Гранти созмонҳои байналмиллалӣ барои дастгирии буҷа дар соли оянда 366,4 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.  1,1 милларди боқимонда даромадҳои ғайриандозӣ гуфта шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷа 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ин маблағ — маблағгузории мақомоти давлатӣ ва идорӣ 1,1 миллиард сомонӣ, маориф 3,5 млрд, тандурустӣ 1,4 млрд, суғурта ва ҳимояи иҷтимоӣ 3,2 млрд, иду ҷашнҳо 822 млн, ҳифзи муҳити зист ва ҷангал 702 млн ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Камбуди буҷа қарор аст аз ҳисоби хусусигарднии амволи давлатӣ, барзиёд иҷро шудани даромади андоз ва қарзҳои хориҷӣ пур карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди қарзҳои зиёди хориҷӣ, дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷаи кишвар ба 300 миллион сомонӣ камомад мувоҷеҳ шуд, ки то охири сол ин рақам метавонад 400 миллион сомонӣ ё бешатр аз онро ташкил диҳад.

Ҳаҷми ММД дар соли оянда 58,9 млрд сомонӣ ва таваррум 7% пешбинӣ шуда, қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА 9,16 сомомӣ/як доллар муқарра шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика