Навиштаи зайл меҳрномаест, ки ҳудуди ду соли қабл ба муносибати 70-солагии ДӮСТАМ САИДШОҲ АКРАМОВ таълиф шуда буд. Имрӯз онро ба сабаби марги нобаҳангоми САИДШОҲИ биҳиштӣ меоварам ва ба ин васила ба аҳли хонадони эшон, дӯстони сершуморашон, ҳавохоҳонашон таслият арз мекунам.
ДӮСТ
Касоне будаанд ва ҳастанд, ки зиндагиашон рамзу самбули ҳунаре, донише, пешае ва ё сифате аз авсофи инсонист ва низ ҳунарҳо, донишҳо, пешаҳо ва авсоф низ гоҳе пайванди қавӣ бо номи афрод доранд. Намехоҳам барои мисол задан ва намуна овардан ба замонҳои гузашта ва маконҳои дур рӯй овараму суханро дароз бикунам. Ба як сухан аз имрӯз ва ин ҷо мегӯям, ки ҳадди ақалл барои ман ва дӯстони дигарамон ДӮСТ ва САИДШО ҳаммаъно ҳастанд, чун Саидшо мегӯем, дӯстию муҳаббату садоқат гӯши дилро менавозад ва чун дӯст ва ойини дӯст гирифтан мегӯем, қабл аз ҳама чеҳраи боз ва ҷаззоби Саидшо пеши назар муҷассам мешавад.
Ҳашт сол пеш буд, ки дарсшарики донишгоҳиям Қурбон Давлатов ману Саидшоро бо ҳам шинос кард ва ин шиносоӣ, ки ҳосили суҳбате нимсоата дар сари пиёлае чой буд, хеле зуд ба дӯстӣ бадал шуд, дар ҳоле, ки ман, — намедонам, ҳусн аст ё қубҳ, — дар интихоби дӯст хеле сахтгирам ва бо гузашти умр ва баҳра гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор боз ҳам сахтгиртар шудаам, чандин шароит ва меъёр дар миён аст, ки камбуди яке ҳам пазируфтани дӯстро бароям ғайриимкон мекунад. Бештари дӯстонам аз айёми баччагию навҷавониям ҳастанд, аз айёме ки ғаразҳо дар миён нестанд ва танҳо мелоку меъёр эҳсоси отифии поки инсонист…
Тақрибан пас аз як соли он дидори нахуст ва оғози ошноиямон боре Қурбон аз Масчо занг зад ва бо шӯхӣ гуфт, «доктор Акрамов мегӯянд, муҳимтарин коре, ки дар тамоми солҳои ошноиямон кардӣ, ҳамин буд, ки маро бо Абдуқодир шинос кардӣ». Ман ҳам ба лаҳни ҳазл, вале самимона гуфтам: «Рост гуфтаанд, беҳтарин коре ҳам ки барои ман кардӣ, ҳамин буд». Чун воқеан доктор Саидшо Акрамовро дӯсте содиқ, мушфиқ, дилогоҳ, ҳамназар ёфта будам; дӯсте, ки ҳеч гоҳ ва ба ҳеч сабаб гом ба роҳи хиёнат намегузорад; ва дӯстие, ки гумон мекунам даҳсолаҳо бар он гузашта бошад, чун дӯстии воқеӣ ҳам чун майи асил аст, ҳар қадар соли бештар бар он бигзарад, қавитар ва хуштар мешавад…. Аз он рӯзи оғоз ба баъд ба ҳар муносибате бароям занг мезананд: Наврӯз хуҷаста бод, рӯзи Саъдӣ муборак бод, Меҳргон, шаби ялдо, Сада, рӯзи Абӯалии Сино, рӯзи таваллуд, истиқлоли кишвар…… ва ғайра ва ҳоказо… ҳеч мавридеро фурӯгузор намекунанд, то табрик бигӯянд ва чанд орзую таманнои нек иброз бидоранд ва дар рӯзҳое, ки аз дунё безор мешавӣ чанд сухани таскинбахше бигӯянд. Ва ман ки танҳо дӯсташон нестам…. Чун ман садҳо дӯст доранд, ки ҳаққи ҳеч кадомеро фаромӯш намекунанд, ба ҳама мерасанд, то ба қадри тавоноӣ дар рӯзҳои хушӣ ва бадбахтӣ дар канораш бошад.
Чунки Саидшо дили бузурге доранд, бар хилофи ман сахтгир нестанд, медонанд, ки ҳеч одамие бе нуқсон нест, ба қавли Ғиёсиддини писархолаи Зайниддини Восифӣ башар бе шар нест ва агар ба ҳама нақсу камбуд таваҷҷуҳ бикунем, танҳои танҳо мемонем ва зиндагиро бар худ танг мекунем…. Одамизодагон – бештарашон, албатта, на онҳое, ки пушти по ба олам зада, ё ба фариштаӣ ё ба девӣ наздик расидаанд, — мавҷуде ҳарис ҳастанд, яке ҳариси пул, яке ҳариси дониш, яке ҳариси зебоии зан, яке ҳариси палави чойхона .. Яке маркаи пуст ҷамъ меоварад, дигаре соат, яке анвоъи бутриҳои машрубот, дигаре чубуқ, яке анвоъи мошин, дигаре симу зар, яке дониш, дигаре диплом…..
Дӯсти мо Саидшо ҳариси дӯсту дӯстӣ ҳастанд, дӯстӣ меҷӯянд ва дӯст меандӯзанд…. Ҳар куҷо ки рафтанд, ба ҳар кишваре ки сафар карданд, дӯсте ё дӯстоне пайдо мекунанд… Ва ин аст, ки дӯстони зиёде доранд, дӯстони сершумор доранд, на танҳо дар ҳама манотиқи Тоҷикистон, ки дар кишварҳои мухталиф, аз Афғонистону Узбакистон гирифта то Эрону Туркия ва аз Қазоқистон то Ингилистону Фаронсаю Амрико…. Ва пешзаминаи ин ва оғози ин дӯстиҳо ҳамеша суҳбат будааст, суҳбате аз ҳар боб…. Ва иттилоъи фаровони Саидшо аз улуму фарҳанг, забону адабиёти миллӣ, ҷомиъа ва ҷомиъашиносӣ имкон медиҳад, ин ҷарроҳи сабукдаст ва пизишки ҳозиқ бо намояндагони касбу ҳирфаҳои мухталиф дар мавзуъҳои мавриди алоқаашон суҳбат орояд ва аз ин тариқ равзанае ба дилҳо пайдо кунад…… Ин донишу иттилоъи фаровон бештар аз таҷрибаи рӯзгор ва китоб ҳосил шудааст. Ва зимнан, китоб пас аз дӯстӣ дувум чизест, ки Саидшо тамоми умр ҷамъ овардаанд. Китобхонаи бузурге доранд, ки номгӯйи китобҳояш шояд бештар аз китобхонаҳои ноҳиявии кишварамон аст…. ва ин китобҳо дар мавзуъоти мухталифанд…
Муҳаббати отифии волидайну фарзандон, бародарону хоҳарон низоми оиларо барқарор нигоҳ медорад ва дӯстӣ, ки дар заминаҳои мухталиф эҷод шуда, низоми ҷомеаъро; агар ин муҳаббат дар заминаи манофеъи моддӣ ва ё сабаби дигаре заъф ёбад, оилаҳо парешон мешаванд ва агар ҳалқаҳои ин дӯстӣ ба иллати тарҷеҳ додан ба манофеъ ва ғаразҳои шахсӣ, сиёсатбозиҳои гурӯҳӣ ва мазҳабӣ гусаста шаванд, низоми ҷомеа барҳам мехӯрад….
Пас, ҷомиъа ва давлат бояд касонеро чун Саидшо Акрамов ҳифз ва қадрдонӣ кунанд ва талош кунанд, чунин шаҳрвандон, чунин Мардони дӯстпарвару дардошно бештар дошта бошем, то саодат дар кишварамон пойдор бошад.
Ҳафтодсолагиятон ба Шумо, аҳли хонадонатон, мо дӯстонатон ва кулли мардуми Тоҷикистон хуҷаста бод, Марди Майдон, Марди Мардон ва Дӯст!
Дар замири мо намегунҷад ба ғайри дӯст кас,
Ҳар ду оламро ба душман деҳ, ки моро дӯст бас.
Яке аз ҳазору як дӯсти Шумо Қодири Рустам!
******
Ин марг ҳеч оваркарданӣ нест, рӯзи якшанбе ба муносибати мураххас шуданам аз бемористон бароям занг зада ва сиҳҳат ёфтанамро табрик гуфта буданд ва ҳамзамон гуфтанд, худ низ бемор шудаанд…… Аммо руҳияашон қавӣ буд ва гуфтанд, бо ёрии аҳли оила, ки ҳама пизишканд дар зудтарин фурсат аз беморӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт….. Афсус, ки чунин нашуд, рафтанд ва моро ба ашку хун биншонданд
Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ, К-инчунин моҳе ниҳон шуд зери меғ!
Абдуқодири Рустам, нависанда ва мунаққид
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

