Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФавти 14 афғонистонӣ аз коруно дар Тоҷикистон

Фавти 14 афғонистонӣ аз коруно дар Тоҷикистон

Аз замони шуйюи коронавирус дар Тоҷикистон 14 нафар  афғонистонӣ дар Тоҷикистон бо гирифторӣ ба коронавирус фавтидаанд.

Ин хабарро Абдулмусаввири Баҳодурӣ, раиси ҷамъияти муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон мавсум ба «Ориёно» дар суҳбат бо сомонаи Спутник, эълом кардаа гуфтааст, ки ҳамаи фавтидагон дар оромгоҳи Теппароҳатӣ ба хок супурда шуданд.

Ба гуфтаи Баҳодурӣ пизишкон иллати марги бештари ин афродро илтиҳоби шуш ва бархеро ҳам мушкили қалбӣ ва диабет эълом карданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Бино ба иттилои расмии вазорати тандурустӣ, то соати 19-и 25 май ба ҳисоби умумӣ танҳо 46 нафар вафот кардааст.

Ҳамчунин  3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.

Аммо, дар сомонаи   то шоми 25 май алакай 349 қурбонии коронавирус ва пневмония дар Тоҷикистонро рӯйхат кардаанд. Тибқи ин рӯихат 57 нафари  фавтидагон табибон мебошанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular