Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКумитаи дин: Никоҳ бидуни туйу маърака шавад

Кумитаи дин: Никоҳ бидуни туйу маърака шавад

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад. Гуфта мешавад, ки баргузории маросимҳои арӯсӣ танҳо баъд аз беҳбуди вазъи беҳдоштии марбут ба паҳншавии бемории COVID-19 имконпазир хоҳад шуд. 

​Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими расму маросимҳо рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар моҳи Рамазон сокинон аз баргузории маросимҳои тӯй худдорӣ мекарданд. Аммо ба гуфтаи ин мақоми Кумитаи дин, бо анҷоми моҳи Рамазон сокинон ба сохторҳои маҳаллии ин ниҳод барои гирифтани иҷозаи баргузории тӯйи арӯсӣ зиёд муроҷиат карданд.

Афшин Муқим афзудааст, «Бо назардошти вазъи паҳншавии бемории COVID-19 ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо ин беморӣ дар Тоҷикистон мо ба зерсохторҳои худ дастур додем, ки то ба эътидол омадани вазъият барои баргузории чунин маросимҳо иҷозат надиҳанд».

Ба гуфти Афшин Муқим, феълан маълум нест, ки ин маҳдудият то кай давом мекунад, идораҳои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ никоҳи навхонадоронро сабт мекунанд, аммо баргузории маросими серодами издивоҷ дертар имконпазир хоҳад шуд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular