Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГӯрканҳо аз экскаватор истифода мекунанд

Гӯрканҳо аз экскаватор истифода мекунанд

Зиёд шудани маргу мир дар як моҳи гузашта,  гӯрканҳо ва масъулони оромгоҳ дар Кӯлобро маҷбур кардааст, ки чанд қабрро бо экскаватор кананд.

Коре, ки ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон намекарданд. Зиёд шудани маргумир дар шаҳрро, сирояти зиёди коронавируси нав медонанд, ҳарчанд мақомот чунин чизеро рад мекунанд ва сукут ихтиёр кардаанд.

Тавре радиои Озодӣ менависад, хабарнигори ин расона аз қабристонҳое дидан кардааст, ки дар моҳи май нисбат ба моҳҳои гузашта, шумори қабрҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. 

Сокинон гуфтаанд, то як ҳафта пеш то нимашаб ҳам дар оромгоҳ буданду бе танаффус кор мекарданд. Чанд рӯз пеш соати яки шаб ҳам оварда дафн мекарданд. 

Баъзеро мустақим аз беморхона ва баъзеро баъди адои маросими ҷаноза шитобкорона оварда, ба хок супурдаанд.

Ҳеҷ касе возеҳ намегӯяд, ки сабаби афзоиши маргу мир дар минтақаи Кӯлобу якбора зиёд шудани гӯрҳо дар чист, ҳарчанд мардум дар шаҳр мегӯянд, ки фалонӣ, ё бисмадонӣ аз коронавирус фавтид.

Мақомоти расмӣ то ҳол доир ба зиёд шудани маргу мир ва сабабҳои он нагуфтаанд, вале эътироф кардаанд, ки аз замони сирояти вируси нав то кунун бештар аз 70 нафар дар минтақаи Кӯлоб бар асари “илтиҳоби шуш” фавтидаанд. Ҳол он ки шумори умумии   фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 47 нафар гуфта мешавад.

Фавт баъди пайдо шудани «касал» зиёд шуд

Бозоралӣ Нозимов,яке аз гӯрканҳои оромгоҳи рақами 2 ба Радиои Озодӣ гуфтааст, маргу мир баъди пайдо шудани “касал” зиёд шуд: “Пеш аз касалӣ кам гӯр мекардем, аммо баъди пайдо шудани касал шаш ҳафто гӯр мекардем.” Бо экскаватор кандани чанд гӯр ин сару садоро дар минтақа ба вуҷуд овардааст, ки ҷасадҳоро бе риояти ҳамаи аркони дафн ба хок месупоранд. Сокинон гуфтаанд, бо экскаватор кандани “лаҳад” имконнопазир аст ва зоҳиран азизони онҳоро дохили нақби нимкора мегузоранду, зери хок мекунанд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular