Дар калонтарину маъруфтарин бозори вилояти Суғд — “Панҷшанбе” ҷони садҳо нафарро ба хатар гузоштаанд, то иҷорапулӣ ҷамъ шавад. Новобаста аз маҳсулот, тамоми фурӯшандагони ин бозорро маҷбур мекунанд дари дӯконҳои худро боз кунанд. Дӯкондорҳо дар дуроҳаи интихоб қарор доранд: ё бояд манбаъи даромадашонро аз даст диҳанд ва ё саломатиашонро.
Тибқи иттилоъи чанд фурӯшандаи бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, як ҳафтаи охир аз ҳамаи онҳо талаб доранд, ки дӯконҳояшонро боз карда, ба кор шурӯъ кунанд. Дар акси ҳол дӯконҳояшонро ба тоҷирони дигар мефурӯшанд.
Қаблан, баъди ҷамъоварии пули иҷора аз тамоми дӯкондорон, мақомот амр карда буданд дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ғайрихӯрока ба таътил раванд. Аммо баробари наздик шудани замони пардохти иҷорапулӣ аз онҳо талаб доранд ба кор шурӯъ кунанд. Ҳамчунин шӯъбаи андози шаҳрӣ аз дӯкондорон талаб дорад ҳисоботи нимсолаи аввалро пешниҳод карда, андозҳоро пешпардохт кунанд.
Фурӯшандагон мегӯянд мақомоти бозори панҷшанбе ба пешниҳоди онҳо мабнӣ бар пардохти иҷорапулӣ бе боз кардани дари дӯконҳо розӣ нашудаанд. Онҳо талаб доранд, ки бояд ҳатман дари дӯконҳо боз бошанд ва фаъолият кунанд.
“Келину наберам касал нашавад гуфта, кампирҳои увол баромадагӣ, — менависад як дӯкондор. — Бештариҳошон сурфа, таб, оби биниҳошон рехтос. Лекин ҳамин аҳволба шишта кор кардосиян”.
Соҳибкорон мегӯянд, ҳатто аз пиразанҳое, ки дар гирду атрофи бозор як-ду метри мураббаъро иҷора гирифтаанд, талаб кардаанд, ки ба кор бароянд. “Ин кампирҳои бечорая мебинӣ, раҳмат мебиёд. Харидор нест, худашон касал, мешинанд бозорба уволако”.
Дар ҳамин ҳол аз номаву зангҳои соҳибкорони ин бозори бузург бармеояд, ки сабаби маҷбуран ба кор баровардани онҳо дар чизи дигар аст.
Яке аз онҳо ба Паём гуфт “ҳафтаи гузашта маҷбур карданд, ки ба кор дароем. Баъди се рӯзи кор намояндагони шӯъбаи андоз омада ҷарима бастанд. Сад баҳона меёбанд барои ҷаримабандӣ. Боз талаб карда истодаанд, ки андози нимсоларо пешакӣ супорем”.
Тибқи иттилоъи як сокини шаҳр, ки ба гуфтаи худаш чанд рӯз махсус ба бозор рафтаву ин ҳолатҳоро назора кардааст, даҳҳо дӯкони обфурӯшӣ дар ин бозор фаъолият доранд, ки ягон талаботи беҳдоштиро риоя намекунанд. “Бештари онҳо бо истаконҳои шишагӣ об мефурӯшанд. Баъди нӯшидани як нафар, истаконро нимкола бо оби хунук мечайқонаду ба нафари дигар об мерезад. На харидор дастпӯш дорад, на фурӯшанда. Ҳамин ки тафтишгарҳо пайдо шуданд, фурӯшандаҳо зуд дастпӯш ба даст мекунанд. Ягон нафараш ақалан оби гарм надорад. аз антисептикҳо умуман гап нест”.
Тортфурӯшу кулчафурӯшҳоро ҳам маҷбур кардаанд кор кунанд. Ба гуфтаи ин сокини шаҳр фурӯшандаҳои ин шириниҳо низ ба ҳеҷ қоидаи беҳдоштӣ риоя намекунанд. “Ба як нафар торт бурида медиҳад. Табақчаи ӯро бо оби хунук чайқонда, ё бо латта пок карда ба нафари дигар торт бурида медиҳад. Истаконҳои чойро ҳам бо оби хунук мешӯянд. Охир ин вируси лаънатӣ 10 соат дар метал мемонад. Убол будагист одам”.
“Ман як моҳ кор накарда пули иҷора супоридам, — мегӯяд зане, ки ба Паём занг зад. — Ҳоло талаб карда истодаанд, ки баромада кор кунам. Гуфтам, ки охир ман ба вирус гирифтор шавам мемирам, қанд дорам. Мегӯяд, ки “муриям мурдат арендапулия месупорад, набошад дӯкона холӣ кун”. Агар дӯконро гиранд, ман бе нон мемонам. Як оилаи 12 нафариро ҳамин дӯкони бечора мехӯронад”.
Як тоҷири дигар менависад “дӯкони ман дар болохона қарор дорад. Се рӯз боз дари дӯкона кушода шиштем, ягон кас наомадаст. Ба болохона кӣ мебарояд, дар поён одам несту. Лекин аллакай ду бор аз андоз омада талаб карданд, ки андозро тезтар супорем, набошад ҷарима мекунанд”.
Тибқи гуфтаи соҳибкорон, раиси нави ин бозор Хуршеда Бобоева ном занест, ки бо муносибати дурушту дағалона ва талаби пардохти иҷорапулӣ ҳамаро ба дод овардааст. Худи Бобоева ба дӯкондорон гуфтааст, ки ӯро аз “боло” маҷбур карда истодаанд.
Дар ҳамин ҳол раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки баъди ҷашни иди картошка бо ташаббуси ӯ, Раҷаби Тушка лақаб гирифтааст, ҳар рӯз дар саҳифаҳои МИҲД вилояти Суғд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аксҳои нав ба нав нашр мекунад.
Аз ин аксу матнҳо бармеояд, ки раиси вилояти Суғд “бо супориши пешвои муааззами миллат” барои вохӯрӣ ва шунидани дарди дили табибону мардуми камбизоат рафтааст. Дар ҳар вохӯрии Аҳмадзода тӯдаи халтаҳои картошкаву пиёз, орду равған низ ҳузур доранд.
Табиист, ки “кӯмакҳо”-и Аҳмадзода аз кисаи худаш набуда, аз ҳисоби буҷаи вилоят аст. Ӯ аллакай “саховатмандона” аз буҷа ду маротиба барои мубориза бо коруно маблағ ҷудо кард. Дар ҳамин ҳол маблағи буҷа аз ҳисоби андози соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони бозори “Панҷшанбе” пур мешавад.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки зӯран ба кор баровардану гирифтор кардани як гурӯҳ барои ситонидани маблағи кӯмак дар шакли чанд кило картошка чӣ мантиқе метавонад дошта бошад?
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

