Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСаид ибни Мусайиб

Саид ибни Мусайиб

Саид ибни Мусайиб дар соли 14-уми ҳиҷрӣ дар давраи ҳукмронии халифаи дуввуми Умар (Аллоҳ розӣ бошад) таваллуд шудааст. Падари ӯ Мусайиб ва бобои Ҳузн аз ҷумлаи ҳамдастоне буданд, ки ба Мадина ҳиҷрат мекарданд. Падари ӯ аз ҷумлаи касоне буд, ки дар соли 6-уми ҳиҷрӣ дар Худайбия бо  Паёмбар (дуруд бар равонашон) савганд ёд кард. 

Ҳудайбия сулҳест наздикиҳои Макка дар минтақаи Ҳудайбия сурат гирифтааст, ки бо номи он ҳамеша гуфта мешавад. Дар моҳи Зулқаъда соли 6 ҳиҷрӣ, яъне моҳи марти соли 627 сурат гирифтааст.. Ин сулҳ миёни мусалмонон ва мушрикон буд ва ин сулҳ то даҳ сол ба имзо расида буд. Ин сулҳ дар мухолифати миёни Бани Бакр ва Бани Хузоъа шикаста шуд. Ин сулҳ ҳангоме ки Расули акрам (дуруд бар равонашон) хост соли 6 ҳиҷрӣ ба умра равад, сурат гирифтааст.

Саид дар ҷомеаи беҳтарине ба воя расидааст, ки  ҷомеаи тобеини аҳли илму имону тақво буд ва амсолашро дар рӯйи замин пайдо кардан, хеле маҳол аст.  Вақте ки Умар (Аллоҳ розӣ бошад) ин ҷаҳонро тарк кард, Саид тақрибан ҳаштсола буд, аммо ба ҳар ҳол, он чизеро, ки аз ӯ шунида буд, хуб дар ёд дошт.

Муҳаббати беандозае нисбати улум дошт ва аз даврони кӯдакӣ саъйи фарогирӣ мекард. Муаллимонаш ҳамдастону саҳобагони  машҳури ҳазрати Паёмбар (дуруди зиёд бар равони покашон) буданд. Ин муҳаббат то ба ҳадде буд, ки ҳанӯз дар даврони ҷавонияш ба унвони як донишманди маъруф шинохта шуда буд. 

Вай сазовори саодате чун ҳамнишинӣ бо  Зайд ибни Собит, Саад, Ибни Аббос, Ибни Умар, Абу Ҳурайра (Аллоҳ аз онҳо розӣ бошад) ва дигарон гардида буд ва ба даргоҳашон ташриф меоварду аз улумашон баҳра мебардошт. Инчунин аз ҳамсарони ҳазрати  Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) Оиша ва Умм Салама (Аллоҳ аз эшон розӣ бошад) донистаниҳое гирифта буд. Ду хел ташнагон серӣ надоранд, ки инҳо ташнаи мол ва ташнаи илманд. Саид ибни Мусайиб ташнаи носерами илм буд ва ҳатто барои шунидани як ҳадис ҳам бошад, омода буд, ки шабу рӯз сафар карда бошад.  

Дорои як хотираи аъло буд ва ба туфайли қобилият ва ғайрат худ дере нагузашта дар байни тобеъин  машҳуртарин донишманд гардид. Ҳамзамононаш  мегуфтанд, ки ӯ қариб ҳама чизеро, ки мешунид, дар хотирааш сабт мешуд.

Боре марде назди ӯ омад ва Саид аз ӯ хоҳиш кард, ки номи шаҷараи  оилаи худро гӯяд. Ҳангоме ки ӯ ҳамаи аҷдодонро номбар кард, Саид ибни Мусайиб ба вай гуфт: «Дар давраи ҳазрати Муавия (Аллоҳ розӣ бошад) падари шумо назди ман омада, саволҳое дода буд.» Ҳатто пас аз солҳои тӯлонӣ, ӯ ҳар касеро бо номашон  дар ёд дошт. 

Ҳанӯз саҳобагоне, ки мушаррафи дидори ҳазрати паёмбар (дуруд бар равонашон) гардида буданд, дар қайди ҳаёт бошанд ҳам, аллакай мардум аз Саид ибни Мусайиб дар боби қавонини шариат мепурсиданд. Боре аз саҳоба Абдуллоҳ ибни Умар (Худо розӣ бошад) мардум суоле карданд ва ӯ ин одамонро барои посухи дурустро пайдо кардан ба назди Саид ибни Мусайиб фиристод. Вақто одамон посухи шунидаашонро ба Абдуллоҳ бурданд, ӯ дар ғояти ҳайрат аз дониши мукаммали ӯ чунин гуфт: “Магар ба шумо нагуфтам, ки Саид яке аз бузургони улум аст? Агар Расули Акрам дуруди Худо нисорашон бодо, ӯро медиданд, то чӣ андозае болида мегаштанд”. 

Ғайр аз доштани илми шариат, Саид ибни Мусайиб дар таъбири хоб гуфтан ҳам истеъдоди хосе дошт. Ин ҷодаи илмро назди духтари Абӯбакри Сиддиқ Асмо омӯхта буд. 

Валид ибни Амр чунин овардааст, ки  замоне дар паҳлӯи Саид ибни Мусайиб нишаста буд, марде ба наздаш омада гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки Абдул-Малик ибни Марвонро бар замин задам ва чор дона мех бар пушти ӯ кӯфтам» Саид гуфт: “Шумо ин хобро надидед.” Он гоҳ мард иқрор шуд, ки хобро  Ибни Зубайр дидааст. 

Саид ибн Мусайиб гуфт: «Агар ин хоб дар ҳақиқат дидашуда бошад, он гоҳ таъбир чунин аст, ки  Абдул Малик ибн Марвон  Ибни Зубайрро мекушад ва аз ӯ чаҳор писар хоҳад дошт,  ки ҳар чаҳор халиф мешаванд.”

Валид ибни Амр мегӯяд, ки чун инро шунид, фавран ба назди Абдул-Малик ибни Марвон рафт ва ба ӯ дар бораи хобу тафсири Саид ибни Мусайиб нақл кард. Вай хеле писандид  ва ба Валид кӯмак кард, ки қарзҳояшро пардохт кунад.

Ибодати Аллоҳ

Саид ибни Мусайиб мегуфт: «Чил сол аст, ки ман дар ягон масҷид намози дастаҷамъиро аз даст надодаам. Сӣ сол азонро дар масчид шунидам” Яъне дар вақти азони намоз аллакай дар масчид буд.  Дар ҳама гуна вазъияти душвор, ӯ намозро дар масҷид мегузошт. Тифоқо чанд рӯзе гармои тоқатфарсо ҳукмрон буд ва масҷиди ҳазрати паёмбар (дуруди Худо нисорашон) холӣ монд. Аммо Саид ибни Мусайиб дар ин холигоҳи гарму тасфон танҳо ҳам бошад, ҳузур дошт. Вай гуфт, ки дар ин рӯзҳо азонро аз ҷониби қабри Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунид ва бо ин тарз дар бораи вақти намоз фаҳмид.

Лаҳазоте дар авохири умраш чашмонаш дард гирифтанд ва маслиҳат шунид, ки дӯстонаш мегуфтанд, то беруни шаҳр раваду аз сабзаҳои фаровон дидан кунад, чун ба чашму нигоҳ судманд аст, аммо аз хавфи он ки намози ҷамоа тарк мешавад, Саид розӣ нашуд. 

Саид ибни Мусайиб мегуфт: «Нест хайру баракот дар касе, ки барои дарёфти ризқаш ва гузаронидани рӯзаш заҳмат намекашад. Ва худро аз хорӣ дар назди мардум ҳифз намекунад.» 

Худ ба тиҷорат машғул буду ҳеҷ гоҳ аз мардум ё аз давлат чизе қабул намекард. Он вақт, барои аҳли улум нафақаи муайяне  таъсис дода буданд, то дар ин роҳи пурзаҳмат танқисии молӣ накашанд. Аммо Саид онро гирифтан намехост. Ҳамин тариқ, миқдори зиёди пул, ки ба номи  ӯ гузошта шуда буд, дар хазина ҷамъ гардид, аммо касе то охир онро нагирифт. 

Лаҳзаҳое  ба Худованд муроҷиат мекарду мегуфт: «Худоё, ту медонӣ, ки ман (ин молу мулкро) ба хотири ҷаҳониён ба даст намеоварам ва на барои қонеъ кардани ҳавасҳои худ, на аз ҳирсу  ҳасад, балки фақат мехоҳам, ки худамро аз Бани Марвон ҳимоя кунам. Мо дар рӯзи қиёмат вомехӯрем ва ту моро доварӣ мекунӣ. Ман аз ин моли дарёфтаам закот  мепардозам ва  барои эҳтиёҷоти камбағалону бевазанон сарф мекунам ва инчунин ба хешовандон мадад мерасонам. «

Ин ҷо ҳикояе дар бораи издивоҷи духтари Саид оварданиям. Саид ибн Мусайиб бо духтари саҳобаи машҳур ва муҳаддиси номӣ  Абу Хурайра издивоҷ карда буд. (Худованд аз худу аҳли хонаводаи Абӯ Ҳурайра розӣ бошад). Ин ду зиндагии бардавому тифоқепур аз аъмоли муфид аз сар гузарониданд ва табиист, ки насли соҳибтамизе ҳам тарбият карданд. Ҳамсараш дар бораи Саид чунин мегӯяд, ки дар давоми чиҳил соле, ки ҳаёти муштарак доштем, ягон маротиба шоҳиди ягон гуноҳи ӯ нагаштам. Амале анҷом надод, ки шабеҳи гуноҳ бошад. 

Дар бораи саводу маърифату имону ҷамоли духтари Саид халиф Абдул Малик хабар ёфт ва хостгори он духтар барои писараш Валид шуд. Албатта, ки одамони гиромиро ҷамъ овард ва онҳо ба назди Саид ибни Мусайиб рафтанд, то духтарашро ба писари халифа хостгор бошанд. Касе тасаввур карда наметавонист, ки Саид ибни Мусаййиб ин пешниҳоди ҷолибро рад мекунад, аммо, ба ҳар ҳол, Саид розӣ нашуд. 

Яке аз шогирдони Саид ибни Мусайиб якчанд рӯз дар дарсҳо иштирок надошт. Чун ба дарс ҳозир шуд, Саид пурсид, ки чаро ин чанд муддат набуд. Шогирд узр пеш овард, ки ҳамсараш даргузаштааст ва бо маросими дафнаш машғул буду натавонист, ки дар дарс ширкат варзад. Саид ҳамдардӣ изҳор намуду пурсид, ки оё маротибаи дигар издивоҷ карданӣ нест? 

Шогирд гуфт: “Бо ин ду-се дирҳаме, ки дорам, ба ман кӣ духтар медиҳад?”

Ман духтар медиҳам гуфт Сйид ибни Мусайиб ва он бегоҳ шоҳидонро даъват намуду маросими никоҳи он ҳардуро гузаронид.  

Шогирди ба домодии духтараш пазируфтаи Сайид ибни Мусайиб, Касир ном дошт. Касир дар бораи духтари устодаш чунин гуфта, ки вай зебо буд, Қуръон ва суннатро хуб медонист ва вазифаҳои худро дар назди шавҳараш ба таври беҳтарин иҷро мекард. Ҳар суоли душвору печида пеш меомад, ки олимон ҷавоб гуфта наметавонистанд, аз он зани ҷавон мепурсид, ҷавоб мешунид. 

Саид ибни Мусайибро пурсиданд, ки чаро духтарашро ба писари халифа надода, ба як камбағал дод?!  Ӯ гуфт: “ Ман барои духтарам масъулам, аз ин рӯ,  он чизеро, ки барои ӯ беҳтар аст, интихоб кардам.» «Чӣ тавр?» Аз вай пурсиданд. Вай гуфт: «Вақте ки вай ба қасри халифа  меравад ва дар он ҷо дар байни дороӣ зиндагӣ мекунад ва хизматгорон ва канизон хоҳад буд ва вақте ки Валид халифа мешавад, вай ҳамсари халифа мешавад. Он гоҳ ба назари шумо, дини ӯ чӣ мешавад?»

Соли  64-уми ҳиҷрӣ  Абдуллоҳ ибни Зубайр ҳокими Мадинаро таин намуд ва сокинони ин шаҳрро даъват кард, то бар ҳоким байъат кунанду қасамёд намоянд. Аммо  Саид ибни Мусайиб ин даъватро қабул надошт, ки дар натиҷа ҷазояш доданд.  Соли  84-уми ҳиҷрӣ ҳоким  Абдул Малик ибни Марвон хост мардумро водор кунад, то ба фарзандонаш, ки ҳокиманд, қасамёд кунанд, аммо ин навбат ҳам Саид қабул надошт.  Боз ҳам ҷазо таин намуданд ва ин дафъа таҳдидҳое аз марг ҳам карданд. Чун диданд, ки сар намефарорад, аз дарс гуфтан дар масҷиди ҳазрати паёмбар (дуруди Худо нисорашон бод) манъ карданд. 

Рӯзҳои охири умр

Саид бемору беҳол мехобид, ки нафаре барои аёдаташ омад ва ҳангоми рафтан хост, ки ҳадисе аз забонаш шунавад. Бо кӯшишу заҳамоти зиёде Саид худро ҷамъ карду нишаст ва ҳадисе барои меҳмон нақл кард. Меҳмон гуфт, ки хоҳиш надошт, то барои нақли ҳадисе ин қадар худро ранҷ диҳад, метавонад дар ҳоли хобидааш ҳам бигӯяд. Аммо Саид гуфт, ки барои хотири  нақли аҳодиси он ҳазрат дуруди Худо нисорашон, бояд нишаста бошам. 

Қабл аз маргаш васият карда буд, ки хабари ҷанозаашро паҳн накунанд ва мардумро бисёр ҷамъ накунанд, то ҳамагӣ чаҳор нафар барои бардоштани тобуташ бошанду ӯро назди Худованд бардошта баранд, кифоя аст. Саид ибни Мусайиб соли  94-уми ҳиҷрӣ ин дунёро падруд гуфт. 

Соима Саидӣ

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular