Saturday, February 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶаримаи 25 шаҳрванди тоҷики Русия дар Шереметово

Ҷаримаи 25 шаҳрванди тоҷики Русия дар Шереметово

25 мусофири парвози чартерии Душанбе ба Маскав дар фурудгоҳи Шереметево ба далели надоштани шиносномаи хориҷии русӣ пас аз пардохти маблағи ду ҳазор рубл ҷарима мураххас шудаанд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон, ахиран 206 шаҳрванди Русияро як ҳавопаймои “Уральские авиалинии” аз Душанбе ба Маскав мунтақил кард  дар ҳоле, ки ҳар як аз онон барои ин сафар ба нархи 400 евра чипта таҳия карда буданд.

Бар асоси ин гузориш, 25 нафар аз тоҷикҳои ин парвоз, ки дорандаи шаҳрвандии Русия  буда ва ҳануз муваффақ ба дарёфти шиносномаи хориҷии ин кишвар нашудаанд, ба далели парвоз бо шиносномаҳои хориҷии тоҷикӣ дар Маскав ба пардохти ҷаримаи молӣ  маҳкум шудаанд.

Ин мусофирон мепурсанд  агар парвоз  ба Русия  танҳо  бо доштани шиносномаи хориҷии ин кишвар муҷоз аст ба чи далел дар Душанбе ба онон бар асоси гузарномаҳои хориҷии тоҷикистонӣ бо ҳазинаи гарон чипта фурухтаанд.

Бо ин  ҳол  ба  гуфтаи  коршиносон  созишномаи  душаҳрвандие, ки миёни Русия ва Тоҷикистон  вуҷуд  дорад дар  амал  фаол нест ва мушкилоти зиёдеро  барои ин афрод  ба  бор овардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular