“Хурофа” ва шакли ҷамъи он “хурофот” он эътиқодҳо ё худ андешаҳои ҷойгирифта дар зеҳнро мегӯянд, ки дар натиҷаи тахмин, тақлиди куркурона ва ё дар асоси ваҳму хаёл пайдо шуда пояи илмӣ-мантиқӣ надошта бошанд.
Дар имрӯза ҷомеаи мо тоҷикон (дар умум) ду навъ хурофот мавҷуд аст.
“Хурофотҳои амалӣ”, аз қабили ёрӣ хостан аз фолбинҳо, кумакталабӣ аз қабрҳо, ғайбпурсӣ аз соҳирҳо, ки баъзан аз рӯи иштибоҳ онҳоро “мулло” ҳам ном бурда мешавад.
Дуввум, “хурофтоҳои фикрӣ”, (андешаҳои ғалате) ки онро на дар кирдору амали аҳли ҷомеа, балки (бо камоли таассуф) онро аз забони устодону зиёиён, аз минбарҳои тадриси мактабу донишгоҳҳо, дар рӯи сафҳаҳои китобу рӯзномаҳо дида ва шунида мешавад.
Яке аз ингуна “хурофотҳои фикрӣ” иддиъои ин аст, ки “дин аз илм ҷудост”, ё ба ибораи дигар, “илм роҳу вазифааш дигару дин дигар аст, ин ду бо ҳам ҳеҷ гоҳ созиш карда наметавонанд.”
САРЧАШМА
Аз баски яке аз хусусиятҳои хурофа ин аз насл ба насли дигар мондани он аст, ва ин андеша ҳам аввалан дар аврупо аз ҷониби (ба ном) “равшангароён” пайдо шуда аз онҷо ба Русия расида асту аз даврони шуравӣ ба мо ба “мерос” монда аст, иштибоҳ нест агар онро аз “хурофаҳои шуравӣ” ном гузошта шавад.
Равшангароёни аврупоӣ (пас аз онон русҳо ва бо тақлид аз онон баъзе зиёиёни тоҷик) мегӯянд: “Муносибати дин бо илм муносибати бо хусумат буда дин ҳамеша монеъи расидан ба дастовардҳои илмӣ, деворе пеши тараққиёт ва монеъи ҳаргуна пешрафту кашфиёт аст.”
Фикр кунам аксар хонандагон мисли банда чунин гуфтаро борҳо шунидаанд.
ЁДДОШТЕ
Ҳар гуфтае бо таҷрибаи воқеъӣ исбот шавад, равшантар мегарад.
Ёд дорам дар курси якуми ДДМТ, дар дасри “физиология” устод (Худованд ҳифзашон кунад) дар бораи сохтори майнаи сари инсон ва фаъолияти олии асаб ҳарф мезаданд.
Сухан сари масалаи илму дин ва муносибаи ин ду бо ҳам рафта буду устод назарашонро гуфта буданд.
Хулосаи каломашон ин буд, ки илм бо дин ҳеҷгоҳ ҷамъ шуда наметавонанд ва ин ду аз ҳам бояд ҷудо бошанд…
Ҳарчанд бо устод табодули афкор карда будам, вале қонеъ нашуда буданд.
Албатта андешае, ки солҳо дар зеҳни инсон реша мегирад, дар ҷаласаҳои илмиву конфронсҳо садо медиҳаду дар китобу рӯзномаҳо ба чашм мерасад, бо як суҳбати миёнидарсӣ, он ҳам бо як талабаи курси якум, баъид аст, ки устод онро якбора иваз кунад.
Аслан, мақсади банда ислоҳи андешаи устод ҳам набуд (агарчи ин кори нек ҳосил мешуд хуб буд) вале ниятам хайрхоҳӣ ба ҳамкурсон буд, ки бо ҳаваси зиёд ба даср омаданду чунин як ғалати илмӣ ва хурофаи таърихиро бо худ гирифта, ба гумонашон, ки имл омухтаанд ба хона барнагарданд.
Аслан, устод онҷо ҳозир шудаанд, то мо шогирдонро ба майнаи сари худамон ошно созанду моро омӯзанд, ки фикру андеша дар мағзи мо инсонҳо чигуна сурат мегирад ва ҳоказо…Албатта муносиб нест, ки онҷо эътироф кунанд, ки андешаву андешарониашон (дар ин масала) то имрӯз ғалат буда аст.
Ва шояд омили дигар, ҳамон фарҳанги меросии мо тоҷикон, ки устод (ё шахси калонсол) ҳамеша бояд бар ҳақ ва шогирд то қиёмат бояд ғалат бошад ҳам боис шуда буд, ки устод аз аспи эътиқодашон, ки каҷ мерафт, розӣ нашуда буданд фароянд.
Хулоса, ба назари касоне, ки чунин ақидаро дар сар доранд барои расидан ба пешрафту тараққӣ дар соҳаи илму техналогия бояд аз эътиқодҳои динӣ (ки гоҳо мардумоне бебокона онро хурофот ҳам меноманд) дур бояд буд, ва инчунин барои диндори асил шудан шахс набояд аз табақаи “олимон” бошад.
Олими улуми дунявӣ дигар нафару руҳонӣ дигар кас аст.
Дин барои масҷид, сари қабр, мотаму дуъову дуруд аст, чи зарурат дорад бечораро аз гиребонаш кашола карда ба лабараторияҳо бурда шавад?!
Домуллоро чиву дар масоили физикаву иқтисоду химия ҳарф заданаш чи?!
Агарчи дар асри шабакаи ҷаҳонии интернет бо шунидани дарсу лексияҳо дар бораи таърихи динҳову таърихи илм ин андеша камтар шуда аст, вале то ҳол мавҷуд аст.
МАНТИҚАН
Магар боре ба таври мустақил, бетарфона, мунсифона, озод аз занҷирҳои ленинӣ, ки аз замони мактабхонӣ дар пои ақли миллат бастаанд, фикр кардаем, ки оё мешавад аз Ислом возеҳтарин хусусияти онро, ки илму маърифат аст инкор карда шавад?!
Исломе, ки талаби илмро фарз гуфта аст, магар равост, ки бигӯем бо илм дар тазоду хусумат аст?!
Исломе, ки таърихаш на садҳо, балки ҳазорҳо ихтироъу ихтироъгаронро дар оғушаш парварида аст ва тамаддунаш бар пояи илму ихтироъҳо бунёд шуда аст, магар ақли солим қабул дорад агар гӯянд, ин дин бо илм дар ҷанҷолу хусумат аст?!
Фикр накунам оқиле ба ақлу мантиқи худ ингуна тазодро роҳ диҳад.
ҚИЁСИ ҒАЛАТ = ХУЛОСАБАРОИИ ҒАЛАТ
Албатта ҳар андешае таърихи худро дорад ва барои чигуна ба ақлҳо роҳ ёфтанаш низ омилу асбобе ҳаст.
Касоне, ки (беғаразанду) чунин андеша доранд аз ҷиҳате маъзуранд, зеро онҳо дини Исломро ба дигар динҳо, хоссатан ба Насроният монанд гумон кардаанду ин гуна хулосабарорӣ кардаанд.
Дини Насроният (ки диншиносони мусалмону ғайримусалмон иттифоқ доранд, ки баъди гузашти ҳамагӣ 40 сол аз паёмбар Исои Масеҳ (ъ) таҳрифу табдил шуда аст) дар асрҳои миёна алайҳи илму олимон муборизаи беамон мебурд.
Калисо, ки кординалҳои он зимоми ҳукмро дар даст доштанд олимони равшанфикрро ба иттиҳоми зандақа (ересь) ҳукми қатл дода гоҳо ба дор меовехтанду гоҳе зинда оташ мезаданд.
ҚУРБОНИЁНИ СОҲАИ ИЛМ
Зулму ситаме, ки ситорашинос, табиб ва риёзидони машҳур Коперник (Nicolaus Copernicus 1473 – 1543) ё физик ва фалакидони номвар Галилео (Galileo Galilei 1564- 1642) ва амсолашон аз ҷониби калисо дида буданд ба касоне, ки аз “таърихи илм”огаҳ ҳастанд маълуму машҳур аст.
Барои ибрози назарҳояшон, ки илман саҳеҳ буданд онҳоро ба муҳокима кашиданд. Китобҳояшонро сузонида онҳоро аз тадрису таълиф манъ карда ба зиндон андохта буданду пушти панҷараҳои торик фавтиданд.
Бруно, (Giordano Bruno 1548 – 1600) ки пас аз Коперник назария ӯро,(дар бораи давр задани замин дар меҳвари худ, ва инки на замин, балки офтоб маркази коинот аст, мегуфт) ки аз тарафи калисо назарияи “эътиқод карданаш ҳаром” ва хилофи Инҷил эълон шуда буд, Бруно онро таъйид ва эълон кард. Ӯ аз ҷониби калисо ба зандақа маҳкум шуда дар пойтахти Рим, дар майдони “Кампо деи Фиори” зинда оташ зада шуд.
Ин нақле аз филмҳои Ҳоливуд нест.
Ҳайкали Бруно дар ин майдон то имрӯз қомат афрохта асту касоне, ки ба “таърихи улум” ошно ҳастанд, аз он рузҳои сиёҳи аврупо огоҳӣ доранд.
Ин шаммае аз ҳақоиқи таърихии илму олимон дар аврупои асримиёнагист, ки ин овардаҳо қатрае аз баҳри он таърихи сиёҳ аст.
БЕГОНАПАРСТӢ Ё ТАҚЛИД АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА
Дар асоси чунин муносибати Насроният бо илму олимон агар шахси аврупоие аз дин ҳассосияту нафрат дорад то ҳадде маъзур асту ҳақ ҳам дорад.
Дине, ки илм, яъне нурро душман бошад, чаро бузургу муқаддасаш донад?!
Вале шахси мусалмонро чи зарурат, ки ӯ низ бо тақлиди куркурона мисли шахси ғарбӣ дини худашро душмани илм пиндорад?!
Дине, ки нахустин калимааш амр ба хондан аст.
Дине, ки қадам ниҳодан дар роҳи илму донишро баробар бо рафтан дар роҳи Биҳишт гуфта аст.
Дине, ки хондани ҳамагуна илм (аз ҷумла физикаву химияву риёзиёту тибу биология ва ғайраро) фарз, яъне фармудаҳои ҳатмии Худо гуфта аст, магар буҳтон нест, ки бигӯем дин (Ислом) бо илм дар тазод аст ва ин ду ҳаргиз созиш карда наметавонанд?!
Давом дорад…
Иброҳими Сайиднуриддин
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

