Sunday, February 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИноятзода на танҳо кӯмакдузд аст

Иноятзода на танҳо кӯмакдузд аст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти фаврӣ 1-уми июн Фирӯз Қурбонов, ёрдамчии раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ва ронандаи шаҳрдори Кӯлобро бо иттиҳоми ба фурӯш задани ёриҳои башардӯстонае, ки ба ин минтақа барои мубориза бо бемории коронавирус равона шуда буд, дастгир кард. Ҳоло ҳамдастии худи Иноятзода дар ин ҷинояти зиддибашарӣ собит нашуда ва ҳеҷ мақоми расмие ҳам дар ин бора изҳори назар накардааст. 

Сойти «Ахбор”, бо истинод ба манбаъаш менависад, боздошти мақоми баландпояи шаҳрдорӣ ва ронандаи раиси шаҳр дар дохили мошини хидматии Иноятзода сурат гирифтааст. Ин ду намояндаи раиси шаҳри Кӯлобро бо далели шайъӣ, яъне маблағи бузурге, ки дар ивази ёриҳои башардӯстона талаб доштанд, боздошт кардаанд.

Паём далоиле дар даст дорад, ки Баҳром Иноятзода на танҳо кӯмак медуздад, балки дар ришвахорӣ ва ғасби амволу ғорати соҳибкорон бисёр муваффақ амал кардааст. Ӯ замони раиси шаҳри Истаравшан буданаш бо роҳи ғорату дуздӣ, ришваситонӣ ва фурӯши замин миллионҳо доллар сармоя ҷамъ карда, раисии шаҳри Кӯлобро ба маблағи бузурге харидааст. Мо тасмим доштем баъди ҷамъоварии далоили бештар дар бораи ӯ нависем, аммо боздошти ёрдамчӣ ва ронандааш моро водор сохт, то қисмате аз далоили ҷиноятҳои ӯро нашр кунем. 

Зеро расонаӣ нашудани хабари боздошти ду намояндааш аз ҷониби расонаҳои давлатӣ ва то ҳол хомӯш будани мақомоти расмӣ ба ин маънист, ки Иноятзода метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шавад. Албатта баъди пардохти маблағи ҳангуфт ба раҳбарияти КДАМ. Ҳатто расонаӣ шудани ин хабар аз тарафи расонаҳои озод низ наметавонад ба карйераи Иноятзода хотима диҳад — таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин гуна парвандаҳо нафарони поёнӣ муҷрим ҳисобида шуда, худи ҷинояткори асосӣ аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Дар аксари ҳолатҳо на танҳо алайҳаш парванда боз намешавад, балки ба мансаби баландтаре роҳ меёбад.

Иноятзода, ки аз соли 2008 то 2014 чун сардори Раёсати сиёсат дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2017 чун муовини раиси вилояти Хатлон кор кардааст, моҳи июли соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан таъин мешавад. Табиист, ки дар Тоҷикистон касе аз кордониашу мутахассис буданаш ба вазифа таъин намегардад. Ҳама дар кишвар медонанд, ки дилхоҳ мансаб дар Тоҷикистон фурӯхта мешавад. 

Бинобар сатҳи баланди зиндагии мардум дар Истаравшан ва вуҷуди соҳибкорони муваффақи зиёде, раёсати ин шаҳр гаронтарин дар кишвар аст. Агар курсии раиси ноҳияҳои сатҳи миёна ҳудуди 200-300 ҳазор доллар арзиш дошта бошад, курсии шаҳрдори Истаравшан $1 млн қимат дорад. Аммо ба Иноятзода он ба ивази 900 ҳазор доллар расидааст, яъне бо тахфиф. 

Бояд гуфт, дар Истаравшан мардум ҳамдигарро бештар бо ному лақаб мешиносанду садо мекунанд ва пайдо кардани номи ҳамаи нафароне, ки инҷо зикр мешаванд, вақт мехост, бинобар ин мо ҳам онҳоро ҳамон тавре ном мебарем, ки манбаъҳо зикр кардаанд. Дар таҳқиқоти оянда ному насаби онҳоеро, ки Иноятов ғорат кардааст, фиреб додааст, ришва ситонидааст, ба тафсил нашр хоҳем кард. 

Соҳибкори дигар Ҳоҷӣ Солеҳро, ки дар шаҳр “нефтемагнат” меноманд, маҷбур мекунад, то асфалти роҳи Қалъаи Муғро ба пуррагӣ ба ӯҳда гирад, вагарна меҳмохонаашро, ки назди қалъа аст ба фоидаи давлат мегузаронад. Ҳоҷӣ маҷбур мешавад бештар аз меҳмонхона барои асфалтпӯш кардани роҳ масраф кунад. Дар ҳоле, ки Иноятов аз даҳҳо соҳибкори дигар барои асфалтпӯш кардани роҳи қалъа садҳо ҳазор доллар маблағ ситонида буд. 

Мисолҳои зиёде аз ғорати соҳибкорон мешавад зад, вале барои дароз нашудани матлаб бо ҳамин иктифо мекунем. Умедворем ин ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида шаваду худи соҳибкорони ҷабрдида алайҳаш баёнот диҳанд. 

Иноятов на танҳо “кӯмак” меситонд. Ӯ ҳамчунин хислати қарз гирифтану барнагардондани қарзҳоро дорад. 

Барои мисол ӯ аз Отабеки бозори оҳан ба маблағи калон маҳсулот гирифта, то ҳол қарздор аст, аз Ҷамшед ном оҳанфурӯш низ арматура гирифта то ҳол пулашро надодааст. Инчунин аз тоҷирони бозори чӯб, бахусус тоҷирони маҳаллаҳои Равғангарону Сари Мазор, аз ҷумла аз фарзандони Усто Амони саримазорӣ даҳҳо ҳазор доллар қарздор мебошад. Аз мармарфурӯшону сементфурӯшон, аз ҷумла аз набераи Ҳоҷӣ Мухтори маҳаллаи Хатибон  ки набераҳояш бо лақаби “Ҳоҷичаҳои сементчӣ” машҳуранд, қарз гирифтаву бар нагардонидааст. 

Раиси собиқи Истаравшан ҳамчунин аз Шарафи хиштзавод ва дигар моликони хиштзаводҳои шаҳр даҳҳо ҳазор доллар қарздор аст. 

Иноятов ҳамчунин бо фиребкорӣ ҳам маблағ ба даст меовард. Аз ҷумла ба падари Ҳочӣ Файзулло ном соҳибкор, ки он замон дар зиндон ба сар мебурд, ваъда медиҳад, ки писарашро новобаста аз ин, ки бо моддаи 307 зиндон шудааст, озод мекунад ва аз ӯ қисман қарзу қисман пора мегирад.  

Соли 2018 ронандаи ӯ Ҷиянхон Ғоибов, мулаққаб ба «Ҷоник” низ бо иттиҳоми аз соҳибкорон ва раисони корхонаҳо ҷамъ овардани даҳҳо ҳазор сомонӣ бо баҳонаи «барои ободонии шаҳр” боздошт шуда буд. Тибқи иттилоъи сойти “Ахбор”, Ҷоник дар ҳукумати Истаравшан расман ҳамчун ронанда кор мекард, вале худро дасти рости раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳр вонамуд карда, аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳо бо баҳонаи «барои ободонии шаҳр” даҳҳо ҳазор сомонӣ талаб мекардааст.

Шаҳрдории Истаравшан иддаъо карда буд, ки «Ҷоник” бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ягон робитае надошта, ронандаи мақомот будани ӯ асоси воқеӣ надорад.” Вале агар ин Ҷоник расман дар ҳукумати шаҳр кор намекард ва «бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ягон робитае надошт”, пас чӣ гуна тавонистааст аз соҳибкорону раисони корхонаҳо «барои ободонии шаҳри Истаравшан” даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ кунад? Магар раисони корхонаҳову ширкатҳо ба ҳар одами қади кӯча бароварда, 15, 20 ва ҳатто 70-у 80 ҳазор сомонӣ медиҳанд?

Албатта, боздошти «Ҷоник” дер давом накард. Пуштибонҳояш баъди каме хомӯш шудани ҷанҷол ӯро аз боздошт раҳо карданд ва бо вуҷуди даҳҳо шикояту муроҷиат аз номи соҳибкорону раисони корхонаҳои Истаравшан парвандааш ба ҷое нарасид.

Иноятов баъди Истаравшан шаҳрдории Кӯлобро ба маблағи 600 ҳазор доллар харид ва ҳоло ба ғорати соҳибкорони ин шаҳр машғул аст. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, ӯ қасд дошт раёсати вилояти Хатлонро ба даст гирад, вале пуштибонҳояш натавонистанд сари вақт маблағро ба “боло” расонанд. Ҳоло ҳам аз ин ҳадафаш даст накашидааст ва барои амалӣ кардани он кӯшиш дорад.  

Имкони зиёде вуҷуд дорад, ки Баҳром Иноятов ва ҳатто ду намояндаи ӯ ин дафъа ҳам аз об хушк бароянд. Барои фишор овардан болои мақомот ва иҷоза надодан ба ин ки ҷинояткоре мисли ин дузд тавонад боз ба дуздиҳояш идома диҳад, мо аз тамоми онҳое, ки аз дасти ӯ ҷабр дидаанд хоҳиш мекунем, далелу арқоми дардастдошташон дар бораи ҷиноятҳои Иноятовро ба мо ирсол кунанд.

Хотиррасон мекунем, ки мо барои ҳамаи ҷинояткорони курсинишин парванда омода мекунем ва шумо метавонед ҳар санаду далеле дар бораи ҷиноятҳои мансабдорон дар даст доред, ба мо фиристед, то миллат аз ҷиноятҳо онҳо огоҳ шавад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular