Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДарҳои масоҷиди Маскав боз мешаванд

Дарҳои масоҷиди Маскав боз мешаванд

Шӯрои муфтиёти Русия санаи боз шудани дари масҷидҳҳо ба рӯйи намозгузоронро бо риояи тадбирҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус эълон кард

Тибқи иттилоияи Шурои муфтиёти Русия сар аз 6 — уми июн дари масҷидҳои шаҳри Маскав ба рӯи намозгузорон боз хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, иҷозати кушодашавии масоҷидро пешвои руҳонии мусалмонони Русия муфтӣ Равил Гайнутдин эълон намудаст.

Зимнан, гуфта мешавад, ки ба намозгузорон танҳо дар сурати риоя кардани тадобирҳои пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус, иҷозати дар масҷид намоз гузоштан дода мешавад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки вуруди шаҳрвандони аз 65 — сола боло ба масҷидҳо қатъиян манъ аст.

Ҳамзамон, ҳамаи намозгузорон бояд бо ниқоби тиббӣ ва дастпӯшӣ вориди толори намозгузорӣ шаванд. Инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ низ аз шартҳои асосӣ барои намозгузорон гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари хуруҷи маризии сироятии коронавирус на танҳо робитаҳои заминӣ ва ҳавоӣ миёни кишварҳо баста шуд, балки дари тамоми масҷидҳои ҷаҳон ба рӯи намозгузорон маҳкам гардид. Аксари кишварҳо режими хонашиниро ҷорӣ намуданд.

Сар аз моҳи равон бештари кишварҳо маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо то андозае сабук намуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular