Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши бесобиқаи фурӯши силоҳ дар Амрико

Афзоиши бесобиқаи фурӯши силоҳ дар Амрико

Натиҷаи як баррасӣ нишон медиҳад, ки  фурӯши силоҳ дар Амрико тайи моҳи май дар қиёс бо соли гузашта 80 дарсад афзоиш доштааст.

Бо гузашти 8 рӯз аз оғози тазоҳуроти мардумӣ дар Амрико, дар маҳкумияти қатли нажодпарастонаи Ҷорҷ Флоид, шаҳрванди амрикоии сиёҳпӯст тавассути маъмури полиси сафедпӯст, расонаҳо аз афзоиши бесобиқаи фурӯши силоҳ дар ин кишвар хабар доданд.

Дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи амрико ба иқдоми низомӣ алайҳи шаҳрвандони амрикоӣ ташвиқ мекунад ва кишвараш дар ҳоли ворид шудан ба даври дувуми эҳтимолии шуюъи “Ковид-19” аст, фурӯши силоҳ дар Амрико шоҳиди афзоиши “Бособиқа” будааст.

Ширкати таҳқиқотии “Small arms analytics and forecasting” ахиран хабар дод, ки тайи моҳи май ҳудуди 1,7 қабза силоҳ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фурӯхта шуд.

Тибқи ин гузориш, ин мизон фурӯши силоҳ ва туфанг дар Амрико дар қиёс бо моҳи майи 2019 ҳудуди 80 дарсад афзоиши фурӯшро нишон медиҳад.

Як иқтисоддони аршади ширкати таҳқиқотии “Small arms analytics and forecasting” дар ин бора ба “Вашингтон Таймс” гуфт: “Фурӯши силоҳ ба тарзи бесобиқа афзоиш ёфтааст”.

Ҷеймс Зимерман, молики як фурӯшгоҳи силоҳ дар шаҳри Мисулаи иёлати Монтана аз теъдоди зиёди амрикоиҳое хабар дода, ки барои аввалин бор ба хариди силоҳ рӯй овардаанд. Вай гуфт, ҳаддиақал ду севуми теъдоди силоҳҳои фурӯхташуда дар 60 рӯзи ахир афроде ҳастанд, ки барои аввалин бор соҳиби силоҳ ва харидори силоҳ шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular