Интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон дар Русия ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ бо шиддат кам шудааст. Bloomberg менависад кишварҳои осиёимиёнагӣ 50 дарсади даромади худ аз муҳоҷиратро аз даст додаанд.
Ин нашрияи маъруфи амрикоӣ навиштааст, муддати даҳсолаҳо интиқоли маблағ аз Русия иқтисоди кишварҳои хориҷи наздикро дастгирӣ мекарданд, дар ҳоле, ки даромади баъзе кишварҳо аз пули муҳоҷират то ба сеяки ММД мерасид. Дар навбати худ, Русия бо қабули қувваи кории арзон аз ин ҳолат бурд мекард.
Bloomberg маълумоти оморӣ меорад, ки мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Гурҷистон нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 40% коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон, ки яке аз вобастатарин кишварҳо дар ҷаҳон ба интиқоли маблағи муҳоҷирон мебошад, ҳаҷми интиқол дар моҳи марту апрел 50% кам шудааст. Дар Ӯзбекистон низ омори ба ҳамин наздик (қариб то нисф) ба қайд гирифта шудааст.
“Барои аксари оилаҳои бештар осебпазир ин 100%-и даромадашон аст”, — шарҳ додааст инро иқтисодчии Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ Эрик Ливни.
Ба гуфтаи коршинос, бастани сарҳадҳо маънои “ду ё се баробар” шудани оқибатҳои таъсири коронавирус ба иқтисоди бархе аз кишварҳоро дорад.
“Шумо ба Русия ҳам рафта наметавонеду дар хона ҳам кор намеёбед. Ҳозир ва ояндаи наздик не”, — гуфтааст Ливни.
Зикр мегардад, ки ҳатто агар сарҳадҳо боз шаванд ҳам, муҳоҷирон дар шароити иқтисоде кор ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки имсол тайи 10 соли охир чунин афтишро аз сар мегузаронад. Поинравии нархи ҷаҳонии нафт ва зарба аз коронавирус Русияро ба истифодаи захираҳо маҷбур мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирон лозим меояд дар шароити камшавии даромадҳо ва афзоиши бекорӣ барои худ шуғле пайдо кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

