Thursday, February 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНисбати Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав оғоз шудааст

Нисбати Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав оғоз шудааст

Сар аз 14-ноябри соли ҷорӣ алайҳи вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав бо иттиҳоми қаллобӣ оғоз шудааст.

Тибқи иттилои дастрасшуда, мақомот мехоҳанд мӯҳлати зиндони Ёровро аз 23 ба 30 сол боло баранд. Дар асоси павандаи дуввуми ӯ, ки гӯё барои таҳқири додситон ва додрас боз шуда буду мурофиъааш ҳам ба анҷом расид, ба Бузургмеҳр 2-3 сол ва тибқи парвандаи наве, ки алайҳаш ҳам инак боз кардаанд, 5-6 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду даъвогари нав пайдо шудаанд, ки даъво кардаанд Ёров бо қаллобӣ маблағҳои онҳоро аз худ кардааст. Яке аз даъвогарон нафаре бо исми Ҳазратқулов Махсад аст, ки даъво дорад ба вакили дифоъ Таманно Ашӯрова маблағи муродиф ба 3000 доллари амрикоиро бо рубли русӣ додааст, ки Таманно 1500-и онро ба Бузургмеҳр додааст. Гӯё Ёров баъди гирифтани пул дигар дар мурофиа ширкат накардааст. Аммо ин даъвои Ҳазратқулов мисли ҳама даъвоҳои мақомот алайҳи Ёров суолбарангез аст. Чун аз ариза бармеояд, ки пулро на худи Махсад Ҳазратқулов, балки бародараш ба Таманно додааст, аммо аризаро Махсад навиштааст, дар ҳоле ки бародараш дар Русия қарор дорад. Яъне “ҷабрдида” ҳузур надорад ва маълум ҳам нест, ки чӣ андеша дорад. Баъдан Бузургмеҳр Ёров на бо Махсад ва на бо бародараш умуман шартнома надорад.

Даъвогари дуввум нафаре аз ноҳияи Восеъ будааст, ки мутаассифона ному насаб ва даъвояш алайҳи Ёров ҳанӯз дастраси мо нашудааст.

Дар ҳукме, ки Ёровро моҳи октябр ба 23 соли зиндон маҳкум карда буданд, нӯҳ солаш барои қаллобӣ пешбинӣ шудааст. Аммо аз 18 нафар “даъвогар” танҳо 3 нафарашон дар мурофиа ширкат краданд ва ду нафари онҳо аз даъвояшон даст кашиданд. Ва инак алайҳи Бузургмеҳр Ёров бори дигар бо ҷурми қаллобӣ парванда боз шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular