Абдуқодир Вализода, ки ба ҳайси раиси шаҳри Турсунзода ифои вазифа мекард, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд.
Парвиз Акрамзода, ки қаблан дар вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг қарор дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин шуд.
Раиси пешини шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон .
Абдуқодир Вализода маблағгузори китоби Давлатҷон Муҳиддинов – «Пешвои миллат – абармарди арсаи сиёсат» аст, ки ду сол қабл нашр шуда буд.
Ӯ 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1983 Коллеҷи политехникии Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодчӣ хатм кардааст.
Дар давраи кориаш ӯ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияи Ховалинг, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2018 то 8 июни соли 2020 вазифаи раиси шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дошт.
Дар идомаи ҷойивазкунии кадрҳо ду муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф низ бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иваз шуданд.
Содиқзода Хурсанд Сафар ба курсии муовини якуми директори Агентии гназорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президент такя зад.
Гуфта мешавад, Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ муовини дигари директори Агентии назорат дар соҳаи маориф таъин карда шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

