Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркия парвозҳои байналмиллалиро шурӯъ кард

Туркия парвозҳои байналмиллалиро шурӯъ кард

Ҳукумати Туркия сар аз моҳи июн парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвари дунё барқарор намуд.

Тоҷикистон ҳоло ба омодагии Туркия бобати ҷорӣ намудани парвозҳо посух нагуфтаст. Миёни ин кишварҳо Тоҷикистон низ зикр шудааст.

Аммо агентии Ховар аз қавли котиботи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, ки то ҳол барои барқарор кардани фаъолият, фармоише нагирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, равобити ҳавоӣ ва инчунин заминӣ миёни аксар кишварҳо кам ва ё  комилан қатъ карда шуд.

Тоҷикистон низ ба мисли дигар кишварҳо, ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID — 19  фаъолияти фурудгоҳҳоро мутаваққиф кард.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо ба хотири вуруд намудани тоҷикистониён, ки дар кишварҳои хориҷ дар замони пандемия дармонда буданд, фаъолият мекард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular