Friday, February 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти сардори хадамоти тиббии қисми ҳарбӣ

Боздошти сардори хадамоти тиббии қисми ҳарбӣ

Сардори хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати дифоъ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дода навишт,  як марде ба ин сохтор муроҷиат карда, гуфтааст, ки сардори хадамоти тиббӣ Гулнора Кенҷаева барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш аз ӯ маблағи 30 ҳазор сомонӣ (2910 доллар) талаб кардааст.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Гулнора Кенҷаева баъди аз шаҳрванд гирифтани маблағи 30 ҳазор сомонӣ боздошт шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қ. 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар ин модда то 12 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул гардидан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular