Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Корженевская»«Озодӣ»шуд

«Корженевская»«Озодӣ»шуд

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помир, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дода шуд.

Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи “Озодӣ” гирифт.

Қуллаи мазкур 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 1910 аз ҷониби сайёҳ ва ҷуғрофидони рус, Николай Корженевский кашф гардида ва ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта шуд.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, “Сангталак” унвон гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дигари давлатӣ барои татбиқи қарорҳои мазкур чораандешӣ намояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular