Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСиёҳпӯсте, ки маргаш Амрикоро ба хушунат кашид, ба хок супорида шуд

Сиёҳпӯсте, ки маргаш Амрикоро ба хушунат кашид, ба хок супорида шуд

Дирӯз 9-уми июн маросими ба хок супории Ҷорҷ Флойд, амрикоиии африкоитаборе, ки аз хушунати пулис ба ҳалокат расида буд баргузор гардид.

Марги Ҷорҷ даъватҳои густардаи ислоҳоти низоми адлияи Иёлоти Мутаҳидаи Амрикоро барангехт ва эътирозҳои сартосариро дар Амрико ба бор овард.

Гуфта шуд, ки дар маросим танҳо наздикону пайвандони Флойд ҳузур доштанд. Ӯро дар шаҳри Пирленд дар канори модараш ба хок хоҳанд супурд. 

Дерек Човин, корманди ҳамакнун пешини пулис, ки дар марги Флойд гумонбар аст, 8 июн бори нахуст ба додгоҳи Миннеаполис эҳзор шуд. Қарор аст, дафъаи навбатӣ 29 июн ба додгоҳ ҳозир шавад. Дерек Човинро 40 соли маҳрум аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аз 12 узви Шӯрои шаҳрии Миннеаполис, ки Флойд 25 май дар натиҷаи зиёдаравии маъмури пулис ҷон бохт, хостанд, идораи пулиси шаҳрӣ барҳам дода шавад. Зеро ба гуфтаи онҳо, он қобили ислоҳ нест.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular