Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет500 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон дармондаанд

500 шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон дармондаанд

Ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф, ки қасд доранд аз Тоҷикистон ба кишварҳои худ бозгарданд, ба далели баста будани гузаргоҳҳои марзӣ бо мушкил ру ба ру шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Миёна, ҳудуди 60 нафар аз шаҳрвандоне, ки қасди бозгашт аз Тоҷикистонро доранд, чанд моҳ аст дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интизор ҳастанд, онҳо ҳатто пуле барои ғизо ва маскан надоранд.

Шаҳрвандони Русия чандин маротиба аз сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд дархости кӯмак карданд, аммо мушкили онҳо ҳамчунон ҳал нашудааст.

Дар ҳамин ҳол масъулони сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд эълом карданд, ин мақомоти аршади Тоҷикистон омӯхта истодаанд.

Ин мақомот гуфтанд, имрӯз 15 июн гурӯҳе аз шаҳрвандони Русия ба консулгарӣ муроҷиат карданд, ки қасд доштанд Тоҷикистонро аз тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо мошинҳои шахсӣ ба мақсади Русия тарк кунанд, аммо марз дар ҳоли ҳозир баста аст.

Масъулони сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд тшарҳ доданд, ки на танҳо шаҳрвандони Русия , балки шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳам наметавонанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.

Онҳо хотирнишон карданд, ки  ҳам консулгарӣ ва ҳам сафорат аз вазъияти онҳо огоҳ аст ва то ҳадди имкон барои рафъи мушкили онҳо иқдом хоҳад шуд, вале фароҳам кардани шароити хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи кишварҳои сеюм бисёр душвор аст, зеро ҳама марзҳо баста аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular