Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСҶБ: Бӯҳрони коруно ҳанӯз паси сар нашудааст

СҶБ: Бӯҳрони коруно ҳанӯз паси сар нашудааст

Бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, ки буҳрони коронавирус дар ҷаҳон ҳанӯз паси сар нашудааст. Ҳанс Клюге, роҳбари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 18-уми июн дар нишасти хабарии онлайн таъкид кард, азбаски воксина ва тарзи мушаххаси табобат омода нашудааст, омадани мавҷи дуюми беморӣ, ҳатто баъди фавқулода поин рафтани омори гирифторон, воқеӣ аст.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки меъёри фосилагирии иҷтимоиро шадидан риоя кунанд ва ҳарчи зуд Маркази ҳамоҳангсози умури фавқулодаи беҳдоштӣ таъсис диҳанд.

Олег Стороженко, мутахассиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки айни ҳол  дар Тоҷикистон аст ва рӯзи 18-уми июн дар нишасти онлайн эҳтиёҷи дастрасии бештар ба иттилоъро таъкид кард. 

Ҳарчанд Стороженко азхудгузаштагӣ ва қаҳрамонии табибон, ки ба хотири расондани ёрии тиббӣ дар шифохонаҳо зиндагӣ мекунанд ситоиш кард, вале гуфт, ки  ба хотири ин ки тавонем ба вазъи Тоҷикистон баҳои куллӣ диҳем, ба иттилои бештар ниёз дорем, то манзара ҳамаҷониба дида шавад ва хулосаҳои дуруст ба даст ояд.

Аз гуфтаи Стороженко дониста мешавад, ҳатто ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ, мақомоти Тоҷикистон иттилои зарурӣ дар бораи вазъи сирояти коронавирус дар кишварро надодаанд. 

Дар давраи пандемия ношаффоф будани фаолияти Вазорати тандурустӣ ва мушкили хабарнигорон барои ёфтани иттилои саривақтиву дақиқ борҳо танқид шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазифаи худро барои огоҳ кардани мардум ба воситаи матбуот ва телевизионҳои давлатӣ дуруст иҷро мекунанд.

Бар асоси иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори умумии гирифторони бемории ҳамагир то 18-уми июн ба 5279 нафар расидааст. 51 кас аз ин беморӣ фавтидаанд, аммо дар феҳрасти алтернативӣ то 13-уми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро навиштаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular