Ҳукумати Ҷопон баҳри мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 57 млн сомонӣ ҷудо кард. Пешбинӣ шудааст ин лоиҳа иқтидори муассисаҳои тиббии кишварро тақвият ва такмил хохад дод.
Ин кумакро кишвар Ҷопон ба Тоҷикистон дар посух ба дархостҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва вокуниш ба COVID-19 кӯмак расонидааст.
Имрӯз, 19 июни соли 2020 маросими Мубодилаи Ёддоштҳо оиди «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Такаюки МИЯШИТА ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ҷаноби Сироҷиддин МУҲРИДДИН баргузор гардид.
Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон 600 миллион иенаи ҷопонӣ, тақрибан 57 миллион сомонӣ ҷудо менамояд. Ин лоиҳа иқтидори муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро бо таъмин намудани таҷҳизоти пешқадами тиббӣ барои ташхис ва табобати беморони дорои COVID-19 такмил хохад дод.
Таҷҳизот аз дастгоҳҳои рентгении сайёр барои беморон дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ, дастгоҳҳои таҳлили (анализатор) газҳои хун барои чен кардани сатҳи оксиген, генератори оксиген, ҳуҷраи фишори манфӣ барои нигоҳ доштани беморони сироятшуда ва ғайра иборат мебошад. Таҷҳизоти нав ба аҳолии Тоҷикистон хидматрасонии беҳтари тиббиро бо қобилиятҳои мукаммалшудаи кормандони тибби тоҷик таъмин менамояд.
Ҳамкориҳои Ҷопон ва Тоҷикистон дар бисёр самтҳо рушд мекунанд. То имрӯз, бисёр лоиҳаҳо, хусусан дар соҳаи инфрасохтор ва рушди деҳот, мунтазам татбиқ шуда истодаанд. Дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҷопон аз соли 1996 инҷониб ба маблағи 35,2 миллиард иен (тақрибан 330 миллион доллари ИМА) кӯмаки бебозгашт расонидааст. Бо оғози лоиҳаи дар боло зикршуда, барномаи Кӯмаки Расмии Ҷопон барои Рушд бештар суръат дода хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи барномаи Кӯмаки Расмии Ҷопон лутфан ба саҳифа назар афканед
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

