Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи фардо, 24 июн ҷиҳати иштирок дар сафороии низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскав меравад. Муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд мехоанд бо ӯ гуфтугӯ кунанд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва ёвари прзидент оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар як муроҷитаномаи видеоӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки зимни сафари навбатиаш ба Русия бо намояндагони «Маркази Тоҷикистон” низ мулоқот кунад.
Иззат Амон гуфт, дар ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав барои ӯ мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русияро ташкил мекунанд. Вале ба ин мулоқотҳо бо президент маъмулан одамони серу пури бепарво нисбат ба тақдири муҳоҷирон даъват мешаванд ва ин мулоқотҳо ба маҳфили навбатии ҳамду сано хондан бо ягон рақсу консерт табдил меёбанд.
Иззат Амон таъкид кард: «Инҳое ки дар ин мулоқотҳо бо шумо иштирок мекунанд, ҳеҷ робита ва рабте бо муҳоҷирон надоранд. Ин мардум ба ҷуз аз таърифкунӣ чизи дигаре ба самъи шумо намерасонанд. Мо мехоҳем сухани ҳақ ва воқеиятро ба шумо расонем, ки албатта, воқеият пур аз дарду алам аст.
Муҳтарам раисиҷумҳур! Аз шумо ҳамчун як тоҷик, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун як бародари кӯчаки шумо хоҳиш мекунам, ки 5 ё 10 дақиқа вақти худатонро ҷудо кунед барои вохӯрӣ бо муҳоҷирони воқеӣ! На бо он муҳоҷирони дурӯғине, ки бо галстукҳои кулуфт меоянд назди шумо ва шурӯъ мекунанд ба таърифу тавсифи шумо!
Таърифу тавсифи шумо ҷои худашро дорад. Хидматҳои шумо барои миллат ва мардум маълум аст. Вале мушкил зиёд аст, аммо он мардуме, ки дар атрофи шумо ҷамъ мешаванд, авлотар медонанд, ки хомӯш бошанд ва ҳамааш аз муваффақият суҳбат кунанд.”
Дар сафороии низомӣ дар Маскав инчунин сарони кишварҳои Қазоқисстон Қосим-Жомарт Тоқаев, Молдова Игор Додон, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Беларус Александр Лукашенко, Абхозистон Аслан Бжания, роҳбари Осетияи Ҷанубӣ Анатолий Бибилов, президенти Сербия Александр Вучич, президенти Хорватия Зоран Миланович ва президенти Фаластин Маҳмуд Аббос иштирок мекунанд.
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян бинобар сабаби шиддати вазъи марбут бо сирояти коронавирус дар кишварҳояшон сафари қаблан тарҳрезишудаашонро бекор карданд.
Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов низ ба Маскав нарафта, ба ҷойи ӯ Туркманистонро вазири мудофиаи ин кишвар Бегенч Гундогдиев намояндагӣ мекунад.
Дар ин гузашти низомии Ғалаба аз иштироки наздики 15 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва беш аз 200 адад техника, инчунин тибқи маълумоти пешакӣ, 75 адад ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ интизорӣ меравад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

