Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тасвиб кард, ки бар асоси он барои пахши «ахбори ғалат» дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз аъзои Маҷлиси Миллӣ талаб карданд, то аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунад.
Тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯзи 26-уми июн дар ҷаласаи дуюми Маҷлиси миллӣ қабул шуд.
Ба ҷаласаи дуввуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум рӯзноманигорони мустақилро ба фарқ аз ҷаласаҳои даъвати гузашта ба толор роҳ надоданд. Мақомот гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз пандемияи коронавирус, наметавонанд ҳама рӯзноманигоронро ба толор роҳ диҳанд.
Маҷлиси миллӣ дар ҳоле ҷазо барои пахши ахбори ба гуфтаи мақомот, ғалатро тасвиб мекунад, ки се рӯз қабл ҷомеаи шаҳрвандӣ аз аъзои палатаи болоии порлумон хостанд аз қабули ин тағйирот худдорӣ кунанд. Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад.
Мунтақидон онро «зарбае ба озодии баён» медонанд, вале мақомот мегӯянд, «ҳадаф пешгирӣ аз пахши ахбори носаҳеҳ аст».
Ҷазо барои пахши «ахбори ғалат» баъди тасвиб аз сӯи ҳарду палатаи порлумон, акнун танҳо баъди имзои раиси ҷумҳур ва нашри он дар расонаҳои давлатӣ, ба иҷро медарояд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

