Ҷанозаи домулло Абдураҳими Понғозӣ, ки се рӯз қабл дар шаҳри Ижевски Русия реҳлат кард, имрӯз ба кишвар бурда мешавад.
Яке аз наздикони домулло ба Паём гуфт, ки ҷасади ӯро дирӯз аз беморхона гирифтаанд ва ҳамаи асноди интиқоли ӯ ба кишвар омода шудааст.
Ҷанозаи домулло Абдураҳим тариқи парвози чартерии Қазон-Хуҷанд, ки қарор аст имрӯз анҷом шавад, интиқол меёбад.
Дирӯз дар шаҳри Ижевск намози ҷанозаи ӯ хонда шуд.
Гуфтанист, рӯҳонии маъруфи Ашт домулло Абдураҳим субҳи рӯзи сешанбе бар асари як бемории на чандон тӯлонӣ дар Русия аз дунё рафт.
Ӯ на танҳо аз воизону донишмандони тавоно буд, балки дар хидмат ба мардум ҳам назир надошт.
Бо ибтикори шахсии домулло дар деҳаи Понғоз масҷиди замонавие бо дарназардошти меъмории миллӣ ба маблағи 2 миллион доллар, беморхона ба маблағи қариб 1 миллион доллар ва 1 мактаб бунёд шудааст.
Ҳамчунин домулло чанд маротиба тавониста мардумро ба таъмири роҳи Шайдон Понғоз ҷалб кунад, ки бо сарҳи миллионҳо сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сокинони оддӣ ин роҳ таъмир шудааст.
Дар асфалтпушкунии имсолаи ин роҳ ҳам домулло Абдураҳим яке аз мубтакирони аслӣ маҳсуб мешавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

