Зодагони ҷамоати Ворухи Исфара, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ба 118 нафар пизишку хоҳарони шафқат ва фаррошони беморхонаи Ворух 1 миллион рубл кӯмак кардаанд.
Ин кӯмак ба муносибати “Рӯзи Ваҳдат миллӣ” ба нишони қадрдонӣ ва арзи сипос барои кори пизишкон дар шароити коронавирус анҷом ёфтааст.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як корманди беморхонаи ҷамоати Ворух рӯзи 27 июн хабар дода гуфтааст, рӯзи ҷумъа кумаки ирсолнамудаи муҳоҷирони корӣ дар беморхона ба онҳо тақдим карда шуд.
Ба гуфти манбаъ илова бар ин бо кӯмаки ҷавонмардони ворухӣ дар соли равон ба духтурон сарулибоси муҳофизатӣ, 2 тонна хлор харидорӣ кардем ва боз аз Русия дорувории бисёр фиристоданд, шароити беморхона, ҳамом, утоқи либосшуӣ беҳтар карда шуд ва боз ба духтурҳо 1 миллион рубл кӯмак карданд. Мо барои ин саховатмандию пуштибонӣ миннатдорем.
Гуфтанист, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон аз 5 ҳазор нафар гузашт. Аксаран, сокинон кӯмаки давлат ба пизишконро нокофӣ хонда, худ даст ба кор шуданд. Аз охири моҳи апрел, ки ҳукумат мавҷудияти коронавирусро тасдиқ кард, сокинон ба иқдомҳои ҷамъоварии кӯмак ба пизишкон оғоз карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

