Wednesday, March 4, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет24 зиндонии тоҷик даст ба гуруснанишинӣ заданд

24 зиндонии тоҷик даст ба гуруснанишинӣ заданд

24 зиндонии тоҷик, ки маҳкумияти онон ба поён расида ва наметавонанд аз Русия хориҷ шаванд, дар яке аз боздоштгоҳҳои Ҷумҳурии худмухтори Мордовия даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Ба гузориши хабаррасонии Фарғона, муддати маҳкумияти ин 24 тоҷик ҳанӯз дар моҳи апрели соли ҷорӣ ба поён расида, аммо ба далели қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, дар паи густариши коронавирус, мақомоти интизомӣ онҳоро дубора ба боздоштгоҳ фиристодаанд.

Яке аз маҳбусон, Илҳомҷон Зарифов гуфтааст: «Эътирози мо аз он аст, ки мақомоти Русия ва Тоҷикистон ба вазъи мо таваҷҷӯҳ намекунанд. Шароит дар ин ҷо мисли маҳбас аст». 

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки аз вазъи ин афрод иттилоъ дорад ва бояд барои фароҳам шудани шароити хориҷ кардани онҳо мунтазир монд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular