Тоҷикистон тайи панҷ моҳи ахир 9 ҳазору 600 тонна нафт тавлид карда, тақрибан 229 ҳазор тонна нафт ворид кард.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон 2,5 дар сад афзоиш ёфта, аммо дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷ ночиз аст.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон беш аз 228 ҳазору 800 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки 10,8 дар сад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар маблағи умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ 121 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафти Тоҷикистон Федератсияи Русия аст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамчунин аз Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ворид карда мешавад.
Тоҷикистон нақша дорад, ки қариб 590 миллион доллар барои хариди маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ сарф кунад. Тибқи пешгӯиҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба истиснои гази моеъ ба андозаи 570 ҳазор тонна ба маблағи 405 миллиону 200 ҳазор доллар ба нақша гирифта шудааст.
Воридоти гази моеъ дар ҳаҷми 408 ҳазору 500 тонна ба маблағи 183 миллиону 800 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

