Tuesday, March 3, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу ҳафта пас нишастҳои хабарии вазирону раисон шурӯъ мешавад

Ду ҳафта пас нишастҳои хабарии вазирону раисон шурӯъ мешавад

Нишастҳои хабарии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар нимаи аввали соли 2020 рӯзи 13-уми июл оғоз мешаванд.

Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Нахуст рӯзи 13-уми июл нишастҳои хабарии Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ, Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.

Нишастҳои матбуотии мақомоту сохторҳои давлатии Тоҷикистон то 31-уми июл идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular