Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМирзиёев талаб кард ба шиканҷа хотима дода шавад

Мирзиёев талаб кард ба шиканҷа хотима дода шавад

Раисҷумҳури Ӯзбекистон аз кормандони умури интизомии кишвараш талаб кард дар зиндонҳо ва маҳали боздоштгоҳҳои муқаддамотӣ маҳбусон ва гумонбаронро мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор надиҳанд. Вай дар ҳодисаҳое, ки бар асари шиканҷа ду нафар маҳбус ҷони худро аз даст додаанд, кормандони идораҳои корҳои дохилиро шадидан интиқод кард.

Ин талаби Шавкат Мирзиёев баъди он садо дод, ки  бар асари шиканҷаи низомиён  ду нафар фавтиданд ва пайвандони онҳо  на аз кормандони умури интизомӣ, балки аз давлат норозигӣ баён карданд.

Гуфта мешавад, дар севуним соли охир Ӯзбекистон ислоҳотеро пиёда мекунад, ки ба даст кашидан аз усули шиканҷа равона шудааст. Аммо дар шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё бар асари шиканҷа ду нафар ба ҳалокат расидаанд ва дар ин ҳодиса кормандони умури интизомӣ гунаҳкоранд.

Ба гуфтаи Мирзиёев муфаттишон, додситонҳо, ходимони корҳои дохилӣ бояд ба мардум бигӯянд, ки дар ин фоҷиа онҳо айбдор ҳастанд.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳамчунин аз мақомоти идораҳои интизомӣ тақозо кардааст, ки барои таълими дуруст надодан, кор бо қонун ва муомила бо одамонро дуруст ёд надодани худ ба зердастон аз мардум узр пурсанд.

Ба таъкиди Шавкат Мирзиёев чунин лоқайдӣ ва нодонӣ ба ислоҳоти пиёданамудаи ӯ дар соҳаи мазкур халали ҷиддӣ ворид менамояд.

Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол 11 нафар корманди умури интизомӣ барои даст доштан дар фоҷиаҳо дар назди қонун ҷавоб медиҳанд ва 7 нафар роҳбари идораҳо аз кор сабукдӯш гардидаанд. Ҳамчунин, ба 16 нафар аз чораҳои интизомӣ кор гирифта шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular