Thursday, April 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТаъсиси корхонаи пойафзордӯзӣ дар Исфара

Таъсиси корхонаи пойафзордӯзӣ дар Исфара

Дар шаҳри Исфара бо ҷалби сармояи хориҷӣ, бо маблағгузории Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Федератсияи Русия корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» таъсис ёфтаву ба фаъолият шурӯъ намуд.

Сарвари ҶДММ «Саманд Исфара» Фахриддин Сироҷов  ба расонаҳои маҳҳалӣ изҳор доштааст, ки алҳол аз ҷониби муассис ба миқдори 233 ҳазору 500 сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифта, дар ояндаи наздик ҳаҷми он ба 500 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Наздик 30 нафар сокинони шаҳр ҷойи кори доимӣ ёфтанд. 

Гуфта мешавад, ки давоми соли равон ҳамзамон бо воридсозии таҷҳизоту хати дигари истеҳсолӣ шумораи кормандонаш то 40 нафар афзоиш ёбад.

Бояд тазаккур дод, ки давоми нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Исфара боз 2 коргоҳи хурди истеҳсолӣ — коргохи коркарди истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ (коркарди сангхои ороишӣ)-и «Аниси Исфара» бо иқдоми соҳибкори муваффақ аз ҷамоати деҳоти Навгилем Нуриддинов Баҳром, инчунин коргоҳи дӯзандагии соҳибкор Қурбонова Мухаррамахон ба фаъолият оғоз намудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular