Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукумати Фаронса истеъфо дод

Ҳукумати Фаронса истеъфо дод

Нахуствазири Фаронса Эдуард Филипп ба унвонии президент Эммануэл Макрон номаи истеъфои худ ва аъзои ҳукуматро ирсол намуд ва раиси ҷумҳурӣ ин аризаро қабул кард. То замони таъини аъзои нави ҳукумат ҳамин ҳайат корро идома медиҳад.

Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд. Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад.

Бархе пешбиниҳо ин аст, ки президент дар талоши тақвияти сиёсати иҷтимоӣ буда, ба пуштибонии соҳаи бизнес нигаронида шудаааст.

Маълум нест, ки то куҷо Филипп мақоми нахуствазириро ҳифз хоҳад кард. Кохи Елисей эълон кард, ки дар соатҳои наздик номи нахуствазири нав эълон мешавад.

Филипп аз 15 маи соли 2017 нахуствазири Фаронса буда, қаблан дар мақоми раиси шаҳри Гавр кор кардааст. Соли ҷорӣ дар интихоботи шаҳрдори нави Гавр Филипп дубора пирӯз шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular