Monday, April 13, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу тоҷик дар вилояти Ленинград зери хоктӯда монданд

Ду тоҷик дар вилояти Ленинград зери хоктӯда монданд

Дар деҳаи Пигелевои ноҳияи Ломоносови вилояти Ленингради Русия ду тоҷикистонӣ ҳангоми кандани чоҳ зери девори хоктӯда монданд. Дар ин бора хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи форҷеабор 2 июл рӯзона рух дода, корҳои ҷустуҷӯ бинобар сабаби хоки рехта ба муддати зиёд тӯл кашид. Ҷасадҳои мардони 30 ва 40-солаи зодаи Тоҷикистон қарибиҳои нимашаб аз чоҳ берун оварда шудааст.

Зани соҳиби қитъае, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, гуфтааст, яке аз муҳоҷирон аллакай 6 ҳалқаи чоҳро канда будааст, ки девори чоҳ чаппа шуда, ӯ зери хоктӯдаи девори чоҳ мондааст.

«Муҳоҷири дуюм ба наҷоти ӯ шитофта, ба болои ӯ ҳам хоктӯдаи девори чоҳ чаппа мешавад”, — иброз доштааст зан.

Ҷуқурии чоҳ наздики 7 метр буда, дар он об боло мешуд. Роҳбари шаҳраки Аннински вилояти Лениград Дмитрий Ритов ба 78.ru хабар додааст, ки имкони зинда мондани муҳоҷирон хеле ночиз буд.

“Хок вазнин ва он ҷо қабати лойқаи замин аст, ки вақти кофтан дарҳол ба боло мебарояд ва деворҳо чаппа мешаванд, — изҳор доштааст вай. — Аз ин рӯ деворҳо се бор фурӯ рафтанд”.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular